noma 2

Сайид Алии Хоманаӣ Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон, барои дуюмин бор дар як сол, номаеро хитоб ба ҷавонон дар Ғарб навиштааст; номаи аввал баъд аз ҳодисаи ҳамла ба дафтари рӯзномаи Чорлӣ навишта шуда буд, ки дар миёни ҷавонон ва дар шабакаҳои иҷтимоӣӣ баҳсҳои зиёдеро ба худ ихтисос дода буд.

Аммо ҳоло барои дуюмин бор, баъд аз ҳодисаҳои терористие, ки боз ҳам дар Фаронса ва ба дасти гурӯҳҳои терористии ба ном давлати исломӣ (дииш) пеш омадааст, дафтари Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон номаеро аз тарафи Оятуллоҳ Хоманаӣ бо унвони БА ҲАМАИ ҶАВОНОН ДАР КИШВАРҲОИ ҒАРБӢ нашр намудааст, ки ҳамчун номаи аввал, дар расонаҳои расмӣ ва шабакаҳои маҷозии ғарбӣ мавриди баҳсу гуфтугӯ қарор гирифтааст.

Дар ин нома Оқои Хоманаӣ аз ҷавонони ғарбӣ хостааст, барои сохтани робитаи беҳтар бо мусулмонон, низомоти ҷадид ва мустаҳкамеро танзим кунанд, ки ин кор метавонад ояндаи амн ва беҳтареро барои онҳо дар бар дошта бошад. Ӯ таъкид кардааст, ки мо наметавонем фарҳанги пастӣ ғарбиро барои миллати мусулмон қабул кунем, дар ҳоле ки худи мардуми ин минтақа, ҳар кадом дорои фарҳанги ғанӣ ва пурборе буда ва ҳастанд; ғарбиҳо набояд муқовимат ва пойдории мардум дар бораи фарҳанги худашонро хушунат ва ҷангталабӣ бидонанд, балки ин терорисме, ки имрӯз ба Ғарб низ ҳамла кардааст, натиҷаи сиёсатҳои худи ғарбиҳост, ки солҳо дар кишварҳои исломӣ иҷро кардаанд; ин рафторҳо натиҷаи таълимоти динӣ нест.

Ӯ ишора намудааст, ки ҷавнони ғарбӣ бояд бо дар назардошти ин, ки –мусулмонон даҳҳо сол аст, ки дар кишварҳое ҳамчун Фаластин, ва имрӯза дар Яману Афғонистон ва Ироқу Сурия, бо зиндагии ваҳшатноки ҷангӣ рӯз мегузаронанд- бидонанд, ки роҳи наҷот аз ин маҳлака, танҳо бо бознигарӣ ва ислоҳи тафаккури ғарбӣ имкон дорад, ки умед дорам, Шумо ин корро имрӯз ва ё дар оянда анҷом хоҳед дод. Бо ин кор мешавад ояндаи равшанеро барои ҷаҳон ва махсусан худи Ғарб тасаввур намуд.

Баноми Худованди Бахшанди Меҳрубон

БА ҲАМАИ ҶАВОНОН ДАР КИШВАРҲОИ ҒАРБӢ

Ҳаводиси талхе, ки тероризми кур дар Фаронса рақам зад, бори дигар манро ба гуфтугӯ бо Шумо ҷавонон барангехт.

Барои ман таасуфбор аст, ки чунин руйдодҳое бистари суханро бисозад, аммо воқеият ин аст, ки масоили дарднок, заминае барои чораандешӣ ва маҳмиле барои ҳамфикрӣ фароҳам накунад, хисорот дучандон хоҳад шуд. Ранҷи ҳар инсоне дар ҳар нуқтае аз ҷаҳон, ба худии худ барои ҳамнавъон андӯҳбор аст. Манзараи кудаке, ки дар баробари дидагони азизонаш ҷон медиҳад; модаре, ки шодии хонаводааш ба азо табдил мешавад; шавҳаре, ки пайкари беҷони ҳамсарашро шитобон ба тарафе мебарад; ва ё тамошогаре, ки намедонад то лаҳазоти дигар охирин пардаи намоиши зиндагиро хоҳад дид, манзараҳои нест, ки авотиф ва эҳсосоти инсониро барнаангезад.

Ҳар касе, ки аз муҳаббат ва инсоният баҳрае бурда бошад, аз дидани ин саҳнаҳо мутаасир ва муталим мешавад, чи дар Фаронса рух диҳад, чи дар Фаластин ва Ироқ ва Лубнон ва Сурия.

Қатъан якуним милиард мусулмон ҳамин эҳсосро доранд ва аз омилон ва мусабибони ин фоҷиаҳо мунзаҷир ва безоранд.

Аммо масала ин аст, ки ранҷҳои имрӯз агар мояи сохтани фардои беҳтар ва эминтар нашавад, фақат ба хотираҳои талх ва бесамар фурӯ хоҳад кост.

Ман имон дорам, ки танҳо Шумо ҷавонҳоед, ки бо дарс гирифтан аз номулоимоти имрӯз, қодир хоҳед буд роҳҳои нав барои сохтани оянда биёбед ва садди бероҳаҳое шавед, ки Ғарбро ба нуқтаи кунуни расонидааст.

Дуруст аст, ки имрӯз терорисм дарди муштараки мо ва Шумост, аммо лозим аст бидонед, ки ноамнӣ ва изтиробе, ки дар ҳаводиси ахир таҷриба кардед, бо ранҷе, ки мардуми Ироқ, Яман, Сурия ва Афғонистон дар солҳои дароз таҳаммул кардаан, ду фарқи асосӣ дорад; нахуст ин ки дунёи Ислом дар абъоди бамаротиб васеъ ва калонтар, дар ҳаҷми анбуҳтар ва ба муддати бисёр дарозтар қурбонии ваҳшатафканӣ ва хушунат будааст. Ва дуввум ин ки мутаасифона ин хушунатҳо ҳамеша аз тарафи баъзе аз қудратҳои бузург, ба шеваҳои гуногун ва ба шакли муасиртар ҳимоят шудааст.

Имрӯз камтар касе аз нақши иёлоти мутаҳидаи Амрико дар эҷод ё тақвият ва силоҳдодани Алқоида, Толибон ва дунболаҳои шуми онон беиттилоъ аст. Дар канори ин пуштибонии мустақим, ҳомиёни ошкор ва шинохташудаи терорисми такфирӣ, бо вуҷуди доштани ақибмондатарин низомҳои сиёсӣ, ҳамвора дар радифи муттаҳидони ғарбӣ ҷой гирифтаанд ва ин дар ҳолест, ки пешравтарин ва равшантарин андешаҳои бархоста аз мардумсолориҳои пуё дар минтақа, бераҳмона мавриди саркуб қарор гирифтааст.

Бархурди дугонаи Ғарб бо ҷунбиши бедорӣ дар ҷаҳони Ислом, намунаи гуёе аз тазод дар сиёсатҳои ғарбӣ аст.

Чеҳраи дигари ин тазод, дар пуштибони аз терорисми давлатии Исроил дида мешавад.

Мардуми ситамдидаи Фаластин беш аз шастсол аст, ки бадтарин навъи терорисмро таҷриба мекунад.

Агар мардуми Аврупо акнун чанд рӯзе дар хонаҳои худ паноҳ мегиранд ва аз ҳузур дар маҷомеъ ва марказҳои пурҷамъият парҳез мекунанд, як хонаводаи фаластинӣ даҳҳосол аст, ки ҳатто дар хонаи худ аз мошини куштор ва харобкунии режими саҳюнистӣ дар амон нест.

Имрӯза чи навъ хушунатеро метавон аз назари шиддати қасоват бо шаҳраксозиҳои режими саҳюнистӣ муқоиса кард? Ин режим бидуни ин ки ҳаргиз ба таври ҷидди ва таъсиргузор мавриди сарзаниши муттаҳидони пурнуфузи худ ва ё лоақал ниҳодҳои дар зоҳир мустақили байналмилалӣ қарор гирад, ҳар рӯз хонаи фаластиниёнро вайрон ва боғҳо ва мазрааҳояшонро нобуд мекунанд, бе онки ҳатто фурсати интиқоли асбоби зиндагӣ ё маҷоли ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзиро ба онон бидиҳанд. Ва ҳамаи инҳо бештар дар баробари дидагони ваҳшатзада ва чашмони ашкбори занон ва кудаконе руй медиҳад, ки шоҳиди зарб ва ҷарҳи аъзои хонаводаи худ ва дар мавориде бурдани онҳо ба шиканҷагоҳҳои махуфанд. Оё дар дунёи имрӯз, қасовати дигареро дар ҳаҷм ва абъод ва бо ин тадовуми замон мешиносед? Ба гулула бастани бонуе дар миёни хиёбон фақат ба ҷурми эътироз ба сарбозони то дандон мусаллаҳ, агар терорисм нест пас чист?

Ин барбарият чун ба воситаи неруи низомии як давлати ишғолгар анҷом мешавад, набояд ифротгарӣ хонда шавад? Ё шояд ин тасвирҳо фақат ба ин иллат, ки шастсоли пушти сариҳам аз сафҳаи телевизионҳо дида шуда, дигар набояд виҷдони моро таҳрик кунад.

Лашкаркашиҳои ахир ба дунёи Ислом, ки худ қурбониёни бешуморе дошт, намунаи дигар аз мантиқи мутаноқизи Ғарб аст.

Кишварҳои мавриди таҳоҷум, илова бар хисоратҳои инсонӣ, зерсохтҳои иқтисодӣ ва санъатии худро аз даст додаанд; ҳаракати онҳо ба суй рушд ва тавсеа ба тавақуф, ё кундӣ гароида ва дар мавориде даҳҳо сол ба ақиб баргаштаанд.

Бо вуҷуди ин, густохона аз онҳо хоста мешавад, ки худро ситамдида надонанд.

Чигуна метавон кишвареро ба вайрона табдил кард ва шаҳр ва деҳаҳояшро ба хок нишонд, сипас ба онҳо гуфт, ки лутфан худро ситамдида надонед!

Ба ҷой даъват ба нафаҳмидан ва ё аз ёд бурдани фоҷеаҳо, оё узрхоҳии содиқона беҳтар нест?

Ранҷе, ки дар ин солҳо дунёи Ислом аз дуруӣ ва чеҳраороии муҳоҷимон кашидааст, камтар аз хисоратҳои моддӣ нест.

Ҷавонони азиз! Ман умед дорам, ки Шумо дар ҳол ё оянда, ин зеҳнияти олуда ба тазвирро тағйир диҳед. Зеҳнияте, ки ҳунараш пинҳон кардани аҳдофи дур ва оростани ағрози музиёна (шайтанат) аст. Ба назари ман нахустин марҳила дар эҷоди амният ва оромиш, ислоҳи ин андешаи хушунатзо аст. То замоне, ки меъёрҳои дугона бар сиёсати Ғарб мусаллат (ҳоким) бошад; ва то вақте, ки тероризм дар нигоҳи ҳомиёни қудратмандаш ба анвои хуб ва бад тақсим шавад; ва то рӯзе, ки манфиатҳои давлатҳо бар арзишҳои инсонӣ ва ахлоқӣ тарҷиҳ дода шавад, набояд решаҳои хушунатро дар ҷои дигар ҷустуҷӯ кард.

Мутаасифона ин решаҳо тайи солиёни дароз, ба тадриҷ дар аъмоқи сиёсатҳои фарҳангии Ғарб низ русух карда ва як ҳуҷуми нарм ва хомушро сомон додааст.

Бисёре аз кишварҳои дунё ба фарҳанги бумӣ ва миллии худ ифтихор мекунанд, фарҳангҳое, ки дар айни боландагӣ ва зоиш, садҳо сол ҷомеаҳои башариро ба хубӣ тағзия (таъмин) карда аст.

Дунёи Ислом низ аз ин амр ҷудо набудааст.

Аммо дар даврони муосир, ҷаҳони Ғарб бо баҳрагирӣ аз абзорҳои пешрафта, бар шабеҳсозӣ ва ҳамонандсозии фарҳанги ҷаҳон пофишори мекунанд.

Ман таҳмили фарҳанги Ғарб бар дигар миллатҳо ва хӯрд шуморидани фарҳангҳои мустақилро як хушунати хомуш ва бисёр зиёнбор талаққи мекунам. Таҳқири фарҳангҳои ғанӣ ва иҳонат ба муҳтарамтарин бахшҳои онҳо, дар ҳоле сурат мегирад, ки фарҳанги ҷойгузин, ба ҳеҷ ваҷҳ аз зарфияти ҷонишинӣ бархурдор нест. Ба таври мисол, ду аср “пархошгарӣ” ва “бебандубории ахлоқӣ” ки мутаасифона ба муалифаҳои аслии фарҳаги ғарбӣ табдил шудааст, мақбулият ва ҷойгоҳи онро ҳатто дар хостгоҳаш таназул додааст.

Инак суол ин ат, ки агар мо як фарҳаги ситезаҷӯ, мубтазал ва маъногурезро нахоҳем, (оё) гуноҳкорем?

Агар монеии сели вайронгаре шавем, ки дар қолиби анвои маҳсулоти шибҳи ҳунарӣ ба суй ҷавонони мо равона мешавад, муқасирем?

Ман аҳамият ва арзиши пайвандҳои фарҳангиро инкор немекунам. Ин пайвандҳо ҳаргоҳ дар шароити табиӣ ва бо эҳтиром ба ҷомеаи пазиро сурат гирифта, рушд ва боландагӣ ва ғиноро ба армағон овардааст. Дар муқоби, пайвандҳои ноҳамгун ва таҳмилӣ, номувафақ ва хисоратбор будааст.

Бо камоли таасуф бояд бигуям, ки гуруҳҳои фурумояе монанди ДИИШ, зоидаи ингуна васлатҳои номувафиқ бо фарҳангҳои воридотӣ аст.

Агар мушкил воқеан ақидати буд, мебоист пеш аз асри истеъмор низ назири ин падидаҳо дар ҷаҳони Ислом мушоҳида мешуд, дар ҳоле ки таърих хилофи онро гувоҳи медиҳад.

Мустанадоти мусаллами таърихи ба равшани нишон медиҳад, ки чигуна талоқии истеъмор бо як тафаккури ифротӣ ва матруд, он ҳам дар дили як қабилаи бадавӣ, базри тундравиро дар минтақа коштааст. Вагарна чигуна мумкин аст аз яке аз ахлоқитарин ва инсонитарин макотиби динии ҷаҳон, ки дар матни бунёдини худ, гирифтани ҷони як инсонро ба монанди куштани ҳамаи башарият медонад, зуболае монанди ДИИШ берун биёяд?

Аз тарафи дигар бояд пурсид чаро касоне, ки дар Аврупо тавалуд шудаанд ва дар ҳамон муҳит, парвариши фикрӣ ва руҳӣ ёфтаанд, ҷазби ин навъ гурӯҳҳо мешаванд? Оё метавон бовар кард, ки афрод бо як ду сафар ба минтақаҳои ҷангӣ, ногаҳон он қадар ифротӣ шаванд, ки ҳамватанони худро тирборон кунанд?

Қатъан набояд таъсири як умр тағзияи фарҳангии носолим дар муҳити олуда ва муваллиди хушунатро фаромуш кард.

Бояд дар ин замина таҳлили ҷомеъ дошт, таҳлиле, ки олудагиҳои пайдо ва пинҳони ҷомеаро биёбад. Шояд нафрати амиқе, ки таий солҳои шукуфоии санъатӣ ва иқтисодӣ, дар асари нобаробариҳо ва эҳёнан табъизҳои қонунӣ ва сохторӣ дар дили ақшоре аз ҷомеаҳои ғарбӣ кошташуда, уқдаҳоеро эҷод кардааст, ки ҳар аз чанде, беморгуна ба ин сурат боз мешавад.

Ба ҳар ҳол ин Шумо ҳастед, ки бояд лояҳои зоҳирии ҷомеаи худро бишкофед; гиреҳҳо ва кинаҳоро биёбед ва бизудоед; Шикофҳоро ба ҷои таъмиқ (ва зиёд кардан), бояд тармим (ва ислоҳ) кард.

Хатои бузург дар мубориза бо тероризм, вокунишҳои аҷулона (саромемавор) аст, ки гусастаҳои (фосилаҳои) мавҷудро афзоиш диҳад. Ҳар ҳаракати ҳаяҷонӣ ва шитобзадае, ки ҷомеаи мусулмонони сокини Аврупо ва Амрикоро, ки ташкилёфта аз милионҳо инсони фаол ва масъулияпазир аст, дар инзиво ё ҳарос ва изтироб қарор диҳад ва беш аз гузашта ононро аз ҳуқуқи аслиашон маҳрум созад ва аз саҳнаи иҷтимоъ канор гузорад, на танҳо мушкилро ҳал нахоҳад кард балки фосилаҳоро умқ ва кудурутҳоро вусъат хоҳад дод. Тадбирҳои сатҳӣ ва вокунишӣ – махсусан агар чеҳраи қонуни биёбад – ҷуз ин ки бо афзоиши қутббандиҳои мавҷуд, роҳро бар буҳронҳои оянда бикушояд, самараи дигаре нахоҳад дошт.

Тибқи ахбори расида, дар баъзе аз кишварҳои аврупоӣ муқарароте вазъ шудааст, ки шаҳрвандонро ба ҷосусӣ бар зидди мусулмонон маҷбур мекунанд.

Ин рафторҳо золимона аст ва ҳама медонад, ки зулм, хоҳ нохоҳ хосияти баргашнопазир дорад.

Вонгаҳе мусулмонон шоистаи ин носипосиҳо нестанд!

Дунёи Бохтар (Ғарб) қарнҳост, ки мусулмононро ба хубӣ мешиносад; ҳам он рӯз, ки ғарбиҳо дар хоки Ислом меҳмон шуданд ва ба сарвати соҳибхона чашм духтанд ва ҳам рӯзи дигар, ки мизбон буданд ва аз кор ва фикри мусулмонон баҳра ҷустанд; бештар ҷуз муҳрубонӣ ва шикебоӣ надиданд.

Бинобар ин ман аз Шумо ҷавонон мехоҳам, ки бар мабнои як шинохти дуруст ва бо жарфбинӣ (андешаи амиқ) ва истифода аз таҷрибаҳои ногувор, бунёнҳои як таомули саҳеҳ ва шарофатмандонаро бо ҷаҳони Ислом пайрези кунед. Дар ин сурат, дар ояндаи начандон дур хоҳед дид биное, ки бар чунин шолуда (ва асос) устувор кардаед, сояи итминон ва эътимодро бар сари меъморонаш мегустаронад; гармои амният ва оромишро ба онҳо ҳадя медиҳад ва фуруғи умед ба ояндаи равшанро бар саҳифаи гетӣ метобонад.

Сайид Алии Хоманаӣ

08 / 09/ 1394

30 /11/ 2015

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст