Дорулифтои Миср тавҳини Бел Моҳир фаъоли расонаи Америкаи ба исломро ва мусулмононро  маҳкум кард ва ин расонаи америкаиро маншаи андешаҳои носавоб донист.

Ба гузориши хабаргузори байналмилалии Қуръон (Икно), Иброҳим Наҷм, мушовири муфти аъзами Миср, тавҳини Бел Моҳир фаоли расонаи Америкаи дар барномаи ҳафтагии худ ки исломро ба тамасхур гирифта буд, маҳкум ва аз вай ба унвони маншаи афкор ва андешаҳои бад ёд кард.

Вай афзуд: Ин фаъоли расонаи Америкаи иддао мекунад ки аксарияти мусулмонон, афкори гуруҳҳои такфири ва терористи муштақ шуда аз Алқоидаро таид мекунанд, ислом ҳуқуқи занро риоят намекунад ва озоди баёнро манъ мекунад. Ин дар ҳоле аст ки инҳо иддаои комилан ботил ва дуруғе беш нест.

Иброҳим Наҷм дар идома афзуд: Дорулифтои Миср борҳо бар мухолифат бо иқдомоти ифротгароёна ва дур будани ин андешаҳо ва ақоиди ифроти аз ислом таъкид карда аст, зеро дини мубини ислом ҳамвора ҳомии ҳуқуқи занон ва озоди баён буда аст.

Вай изофа кард: Ин ҳамлаҳои ваҳшиёна ки баъзе вақтҳо аз сӯи расонаҳои бегона алайҳи мусулмонон матраҳ мешавад, ин тасаввурро иҷод карда аст ки расонаҳои бегона умуман мавзеи душманонае нисбат ба ислом ва мусулмонон доранд ва ҳамин масъала мунҷар ба густариши нафрат ва тахриби пулҳои гуфтугу миёни миллатҳо шуда аст.

 

 

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст