Теъдоди кудакони мусулмони Англия аз кудакони масеҳи бештар мешавад.

Теъдоди кудакони мусулмон дар чанди шаҳри Англия ба суръат дар ҳоли пеши гирифтан аз теъдоди кудакони масеҳи аст.

Ба гузориши хабаргузории Қуръон (Икно), бинобар оморҳои ба даст омада дар заминаи таваллуд шудани навзодон дар Англия, ин кишвар ба зуди шоҳиди як тағири чашмгир ҷамъияте хоҳад буд.

Охирин оморҳо аз саршумори соли 2011 нишон медиҳад, аз маҷмуи ҳудуди 280 ҳазор навҷавоне, ки дар дуввумин шаҳри бузурги Англия яъне Бирмангом зиндаги мекунанд, 97 ҳазор нафар мусулмон ва ҳудуи 94 ҳазор нафар масеҳи ҳастанд. Дар шаҳри Бордфорд низ кудакони мусулмон 45 дарсади кулли ҷамъияти кудакони ин шаҳрро ташкил медиҳанд. Шаҳри Листер низ ҳудуди 23 ҳазор кудаки мусулмон ва танҳо 18 ҳазор кудаки масеҳи дорад.

Дар минтақае аз Лондон бештарин ихтилоф дар теъдоди ҷамъияти мусулмонон ва масеҳиён дида мешавад; ба тавре ки 62 дар сади ҷамъияти кудакони ин минтақаро мусулмонон ташкил медиҳанд.

Бо вуҷуди ин, ҳамчунон масеҳият бештарин теъдоди пайравонро дар Англия ва Велз дорад ва ислом дуввумин дини бузурги ин минтақа аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст