Мусобиқаи ҳифзи Қуръони Карим бо ҳамкори анҷумани мусулмонони Руондо дар ин кишвар баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Қуръон (Икно),50 ҳофизи Қуръони Карим (духтару писар) дар ин рақобат ҳузур ёфтанд ва анҷумани ҷаҳони ҳифзи Қуръон низ дар баргузори он ҳамкори дошт. Ширкаткунандагон дар ин мусобиқа дар риштаҳои ҳифзи кулли Қуръон, ҳифзи 20 ҷузъ, 15 ҷузъ, 10 ҷузъ, 5 ҷузъ ва ҳифзи 2 ҷузъ бо якдигар рақобат карданд.

Бартаринҳои ин рақобат тайи маросиме таҷлил шуданд ва шахсиятҳо ва суханронони ҳозир дар ин маросим, аз баргузоркунандагони ин мусобиқа ташаккур карданд.

Ҷумҳурии Руондо кишваре аст майда дар қалби Африка ва пойтахти он Киголи аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст