Арабистон пешбини кардааст, ки дар мавсими ҳаҷҷи имсол се милион ҳоҷи ҳузур хоҳанд дошт.

Ба гузориши хабаргузори байналмилалии Қуръон (Икно) ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии Нофизатул Миср, давлатмардони Арабистон таъкид карданд: Пешбини мешавад ки се милион зоир аз минтақаҳои мухталифи ҷаҳон имсол фаризаи ҳаҷҷро биёваранд ки то 27 сентябр, садҳо ҳазор тан аз онон бо вуҷуди гароми шадид дар Масҷидул Ҳаром ба ин макон расидаанд.

Оморҳо ҳамчунин нишон медиҳад, ки то кунун ҳудуди ду милион зоир ба маконҳои муқаддаси Арабистон расидаанд ва барои анҷоми маносики ҳаҷҷ ки аз панҷшанбеи ин ҳафта бо баргузории маросими рузи Тарвия аз Мино оғоз мешавад, омода мешаванд.

Неруҳи амнияти ҳаҷҷ дар Арабистон низ омодагии комили худро барои руёруи бо ҳаргуна хатар ки амнияти Макка ва маконҳои муқаддасро дар айёми ҳаҷ таҳдид мекунанд, эълом кардаанд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст