Ҳайати уламои барҷастаи Алазҳар бо судури баёнияе эълом кард: Гуфтани давлати исломи бар ДОИШ саҳеҳ нест ва ин таъбир, иҳонат ба забони ислом ва мусулмонон талаққи мешавад.

Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии Икно, дар ин баёния ки дирӯз 21 сентябр мунташир шуда аст омада аст: Аносури ДОИШ худро ба хато ба унвони намояндаи уммати исломи муаррифи мекунанд ва барои миллатҳо дар интихоби ҳоким, ҳаққе қоил нестанд.

Ҳайати уламои Алазҳар эълом кард: Ба кор бурдани номи давлати исломи барои ДОИШ, иҳонати ошкор ба ислом ва мусулмонон аст ва расонаҳои мисри ва араби набояд аз ин шеваи расонаи ғарб истифода кунанд.

Ёдовар мешавад, гуруҳи терористи ДОИШ ибтидо бо номи Давлати Исломи Ироқ ва Шом  эъломи мавҷудият кард ва баъдан ҳам Давлати Исломи тағири ном дод.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст