Муфтии аъзами Миср такид кард: иқдомоти ДОИШ дар куштори мусулмонон таҳти унвони ҷиҳод ҳеҷ рабте ба дини Ислом надорад.

Ба нақл аз шабакаи хабарии Алолам, шайх Шавқи Алом дар гуфтугуи телевизиони такид кард: Аносури ДОИШ ба номи ислом сухан мегуянд, ин дар ҳоле аст ки шариати исломи аз иқдомоти онон мубарро аст ва иқдомоте ки гуруҳи ДОИШ дар Ироқ анҷом медиҳад, ба ҳеҷ ваҷҳ ҷиҳод нест.

Вай афзуд: Иқдомоте ки акнун алайҳи мусулмонон ва ба номи ҷиҳод сурат мегирад, чиҳод нест ва наметавон онро ҷиҳод номид; зеро дар мафҳуми ин истилоҳи ихтилол иҷод мешавад ва бояд таърифи дурусте аз ҷиҳод ироа кард.

Ҳамчунин бархе аз уламои Алазҳар ва муҳаққиқони исломи эълом карданд ки ДОИШ сохта дасти Америка аст ва ҳадаф аз ташкили ин гуруҳи терористи, фитнаангези ва иҷоди ноороми дар минтақа аст.

Алавӣ Амин устоди улуми дини дар донишгоҳи Алазҳар дар ин бора гуфт: ДОИШ гуруҳе аст ки аҳли суннат ва ҷамоат онро қабул надоранд; зеро тафаккуроти онон монанди хавориҷ аст ки имом Алӣ(к) ро ба шаҳодат расонданд.

Шайх Набил Наим, аз коршиносони улуми дини низ дар ин замина изҳор дошт: ДОИШ гуруҳи терористи аст ки Америка ва бархе кишварҳои абарқудрат онро иҷод карда ва бозичаи дасти онон аст.

Вай афзуд: Мутаассифона бархе аз ҳукуматҳо низ бозичаи Америка ва бархе кишварҳои дигар ҳастанд.

Қишрҳои мухталифи ҷомеаи Миср ҳам иқдоми гуруҳи терористии ДОИШро маҳкум карда ва дар бораи густариши тафаккури онон дар кишварҳои араби ҳушдор доданд.

Икно

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст