Ба нақл аз шабакаи хабарии “Ҳунол Қудс”, Ҳано Исо устоди ҳуқуқи байналмилал ва дабири кулли шурои исломи масеҳи ҳимоят аз Қудс ва муқаддасоти дар мақолае ба унвони Исроил то кунун 60 масҷидро тахриб карда аст ... қавонини байналмилал куҷост? Оварда аст: Исроил дар таҷовузҳои ахири худ алайҳи Навори Ғазза дар ростои тахриби амокини ибодати Фаластини беш аз 60 масҷидро ба таври комил тахриб кард ва 150 масҷид низ ба сурати ҷузъи осеб дидаанд.

Муфоди тавофуқномаи Лоҳа дар соли 1899 ва 1907 мелоди ва муфоди тавофуқномаи Женев дар соли 1949 мелоди ва пратоколҳои тобеи он бар ҳимояти аз амокини мазҳаби ва дини дар ҳангоми низоъҳои мусаллаҳона таъкид дорад ва илова бар бар он, дар конвенсиони Лоҳа дар соли 1954 мелоди низ бар ҳимоят аз биноҳои фарҳанги ҳангоми даргириҳои мусаллаҳона такид дорад.

Чизе ки имрӯз возеҳ ва равшан аст, ин аст ки агар кишварҳои араби ва исломи ба вазифаи худ дар дифоъ аз маконҳои муқаддаси худ амал накунад, замоне хоҳад омад ки дигар барои расидаги ба ин мавзуъ дер хоҳад шуд ва дар ин замина бори сангине бар души созмони ҳамкории исломи аст ки набояд аз он шона холи кунад.

Созмони ҳамкории исломи ки дар ростои ҳифозат аз Масҷидул Ақсо дар муқобили ҳамлаҳои пай дар пайи Исроил ва пас аз талоши онон барои сузондани ин масҷиди муқаддас ва таърихи, дар соли 1969 поягузори шуд ва беш аз 50 кишвар узв дорад, метавонад бо қудрате ки дар ихтиёр дорад, созмонҳои байналмилали аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ғарбиро барои ҳимоят аз муқаддасоти исломи Қудс ва сарзамини Фаластин таҳрик кунад.

Икно

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст