Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии “ал Араб онлайн”, созмони улум, фарҳанг ва андешаи исломӣ, аз кишварҳои узви ин созмон хост ки дар тарбият ва омузиши ҷавонон талоши бештаре бикунанд ва будҷаи кофи барои барномаҳои омузишӣ, фарҳанги ва иҷтимои вижаи ҷавонон ихтисос диҳанд.

Созмони ОСЕСКО дар ин баёния бар зарурати муҳофизат аз афкори ҷавонон дар муқобили ҷараёнҳои тундрав, хушунатталаб ва мутаассиб такид кард ва аз кишварҳои исломи хост бо парвариши фикри ҷавонон ононро ба яке аз арконҳои муҳими ҷомеа табдил ва ба мушорикат дар тавсеа ва ҳифзи истиқлоли ва тамомияти арзии кишварҳояшон ташвиқ кунанд.

Ин баёния ба муносибати 12 август рузи ҷаҳони ҷавонон ки имсол бо шиори “Ҷавонон ва саломати зеҳни” баргузор шуд, аз суи созмони ОСЕСКО содир шуд ва дар он бар аҳамияти саломати фикри ва зеҳни ҷавонон аз тариқи омузиш, тақвияти руҳияи таомул бо ҷаҳон ва омузиши илми онон такид шуд.

Созмони ОСЕСКО аз кишварҳои узви ин созмон хост ки бар эҳтиром ба иродаи ҷавонон ва ормонҳои онон эҳтимом дошта бошанд ва ҷавононро дар муқобили чолишҳои пеши ру кумак кунанд.

Созмони ОСЕСКО дар ин баёния, саломати фикри ва зеҳнии ҷавононро зомини саломати кулли ҷомеа донист ва ононро умедиу сутунҳои устувори фардо донист.

ИКНО

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст