Афроди мусаллаҳи машкук ба узвият дар гуруҳи Букуҳаром, 20 занро дар минтақаҳои шимолу шарқии Ниҷерия рубуданд.

Ба нақл аз рӯзномаи Гордиян, афроди мусаллаҳе ки ба гуфтаи афроди маҳалли эҳтимолан аз аъзои гуруҳи терористии Букуҳаром ҳастанд, 20 занро дар наздикии шаҳраки Чибук дар шимолу шарқии Ниҷерия рубуданд.

Дар моҳи май, терористҳои Букуҳаром бо ҳамла ба хобгоҳи як мадрасаи духтарона дар наздикии ҳамин шаҳрак, беш аз 300 духтари донишомӯзро рубуда буданд.

Ин ҳамла дар ҳоле сурат мегирад, ки мардуми шаҳри Моидугури токунун ҷасади беш аз 100 қурбонии ҳамалоти ин гуруҳи терористиро дафн кардаанд. Ниҷерия хостори кумакҳои дигар кишварҳои ғарби Африка барои муқобила бо гуруҳи терористии Букуҳаром шуда аст.

Аъзои Букуҳаром то кунун чандин навбат низ ба кишварҳои ҳамсоя яъне Камерон ҳамла ва теъдоде аз шаҳрвандони ин кишварро куштаанд. Давлати Камерон низ барои муқобила бо ин гуруҳи терористи, воҳидҳои артишро дар марзҳои шимолии худ бо Ниҷерия мустақар карда аст.

Хабаргузории Форс

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст