Азои умумӣ ба эҳтироми қурбониёни рониши замин дар Бадахшони Афғонистон

Ҳомид Карзай- раиси  Ҷумҳурии Афғонистон имрӯз якшанберо ба манзури эҳтиром ба қурбониёни рониши замин дар деҳаи Обиборик устони Аргуи Бадахшони ин кишвар, ки бар асари он 300 хонавода зер  хок монданд азои умумӣ эълом кард.

Имрӯз дар Афғонистон ва намояндагиҳои сиёсии ин кишвар дар саросари ҷаҳон парчами Афғонистон ба ҳолати нимаафрошта дар хоҳад омад.

Дар пайи рониши замин дар устони Бадахшон, мақомоти Афғонистон хостори кӯмаки кишварҳо ба осибзадагон  шуданд.

Садои Хуросон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст