Донишгоҳи шаҳри Вохнингени Ҳуланд аз қабули як поённомаи пажӯҳишӣ, ки дар фиҳристи ташаккурҳо ва қадрдониҳо, ташаккур аз Худованд низ дарҷ шуда буд даст кашид.

Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии "Islam.ru", поённомаи Юрк Дурис ба далели қадрдонӣ аз Худованд аз сӯи кумитаи поённомаҳо ва раиси донишгоҳ рад шуд.

Аъзои кумитаи поённомаҳои ин донишгоҳ эълом карданд, ки ё ин ҷумла бояд аз поённомаҳо ҳазф шавад ё инки бо пазириши он мувофиқат нахоҳад шуд.

Нависанда ва пажӯҳишгари ин поённома, ки дар мавриди таҷҳизоти кишоварзӣ анҷом гирифта буд низ дар посухи пишнаҳоди кумита ин донишгоҳ барои ҳазфи ҷумлаи ташаккур аз Худовад, бо назари аъзои кумита ва ислоҳи поённома мухолифат кард.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст