Бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ аз сӯи Туркия дар Бишкек, пойтахти Қирқизистон, сохта мешавад.

Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии «World Bulletin», вазорати умури динии Туркия дар ҳоли сохти бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкек аст.

Кори сохти ин масҷид бо бадандии 70 метр соли гузашта оғоз шуд ва акнун дар марҳилаи поёнӣ ба сар мебарад.

Ин масҷид дар замине ба масоҳати 2 гектар сохта шуда аст, ки масоҳати бинои он 1300 метри мураббаъ аст ва 4 манора дорад, ки ду тои он то кунун сохта шудаанд.

Ин масҷид ҳамчунин дорои дафтаре барои имом ҷамоат ва маҳалле барои таҳорат кардан хоҳад буд.

Пешбинӣ мешавад, ки ин масҷид то соли 2015 тамом шуда ва барои намоз хондан омодагии комилро дошта бошад.

Икно

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст