Алазҳар хостор шуд:

Маҳкумияти хушунати масеҳиён бар зидди мусалмонони Африкаи Марказӣ аз сӯи Ватикан.

Алазҳар аз попи Ватикан хост, ки хушунати гуруҳҳои масеҳии тундрав бар зидди мусалмонони Африкаи Марказӣ ва бархе кишварҳои осиёиро маҳкум кунад.

Ба нақл аз рӯзномаи “Алмисрул явм”, Аббос Шумон, қоим мақоми шайхи Алазҳар тайи суханоне дар ҳамоиши байналмилали “адён ва хушунат” дар Италия изҳор кард:

“Абарқудратҳо бояд сиёсати бархурди дугона бо масъалаҳои байналмилали ва таассуб алайҳи мусалмонон, ки бо ҳимояти хушунат ва тероризм мунҷар мешавадро мутавақиф кунанд.”

Вай дар идома афзуд:

“Ҳамзисти мусолиматомез (сулҳона) асоси робитаҳои миёни ҷомеаҳо аст, не ҷанг ва душмани. Паёмбар(с) даъвати худро бо мавъиза ва забони нарм оғоз ва дар роҳи даъвати худ, озор ва азиятҳоеро таҳаммул кард.”

Аббос Шумон тасреҳ кард:

“Рисолати ислом, ки Паёмбар(с) мубаллиғи он буд, дастури илоҳӣ барои даъвати ҳамаи мардум ба ислом буд, на барои наздикон ва касонеро, ки бо он ҳазрат ҳамнажод буданд.”

Вай аз пайравони динҳои осмони хост, ки миёни иқдомоти бархе мусалмонон ва омузаҳои дини мубини ислом тафовут қоил шаванд ва тасреҳ кард:

“Иқдомоте, ки бархе мусалмонони нодон анҷом медиҳанд, ба шариати ислом иртиботе надорад ва танҳо мансуб ба омилонаш аст ва дини мо аз он дур аст.”

Хотиррасон мекунем, ки ҳамоиши байналмилали “адён ва мазоҳиб” дар донишгоҳи Италия оғоз шуд.

Манбаъ: Икно

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст