Мусобиқаи қироати Қуръони Карим 19 феврал 2014 дар шаҳри Пятигорск дар минтақаи Ставрополи Россия баргузор хоҳад шуд.

Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии «Islam.ru», ин мусобиқаҳо ба кумаки идораи умури маънавии мусалмонони (муфтиёт) Ставропол баргузор хоҳад шуд.

Ин мусобиқаҳо дар ду гуруҳи кудакон ва бузургсолон  баргузор мешавад; дар гуруҳи кудакон, ширкаткунандагон дар ду бахш камтар аз 10 сол ва кудакони 11 то 14 сол бо якдигар ба рақобат хоҳанд пардохт.

Дар гуруҳи бузургсолон низ ҳамаи алоқамандон ба ширкат дар ин мусобиқаҳо аз ҷумла имом ҷамоатҳои масоҷиди минтақаи Ставропол метавонанд ҳузур пайдо кунанд.

Муҳаммад Раҳимов, муфтии Ставропол гуфт:

«Ин мусобиқаҳо бо ҳадафи афзоиши унс ва иштиёқи насли ҷавонтар ба Қуръони Карим, барангехтани иштиёқи онон ба касби дониш дар мавриди ислом ва тарғиби онҳо ба талош дар ин замина баргузор хоҳад шуд.»

Вай афзуд: «Агар як мусалмонон гавҳарҳои Қуръонро ба дурусти дарёбанд, ҳаргиз дучори инҳироф ва гумроҳи намешаванд.»

Манбаъ: Икно

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст