Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии  «Muslim Village» бинои сохти музеи исломии Австалия ки дар соли 2010 оғоз шуда буд, бо ҳазинаи 10 милион доллар ба анҷом мерасад.

Давлати Австралия камтар аз 20 дарсадро пардохт кард ва бақияи онро мусалмонон пардохт карда ва онро сохтаанд.

Гурӯҳе аз ҷавонони мусалмони австралияи низ дар ин чор сол ба сурати довталабона барои анҷоми сохти ин музей кумак кардаанд.

Ин музей бо ҳадафи иҷоди фазое барои шинохти саҳеҳи ислом ва мусалмонон ва аз байн бурдани тасаввуроти нодуруст дар мавриди ин дин ва пайравони он дар Мелбурн таъсис шуда аст.

Дар бахше аз ин музей усули дини ислом ва маънои ҳақиқии истилоҳоти исломи сӯи таъбир шуда монанди ҷиҳод ва шариат ба боздидкунандагон омӯзиш дода мешавад ва онон метавонанд дар манорае, ки дар ин музей таъбия шуда боистанд ва ба навои азон гуш фаро диҳанд.

Ошнои бо достони зиндагии  ҳазрати Муҳаммад(с) ва муаррифии феҳрасте аз иктишофҳои мусалмонон дар заминаи риёзиёт, улум, адабиёт ва шахмат аз дигар бахшҳои ин музей аст.

Дар бахши сурат таърихи мусалмонони Австралия, саргузашти мусалмонон Австралия аз замони вуруди онон ба ин сарзамин дар соли 1700 то ба имрӯз муаррифӣ мешавад.

Бахше ҳам ба ҳунармандони муосири Австалия ихтисос дорад. Дар бахши сурат меъмориҳои ин музей ҳам асарҳо ва биноҳои беназири исломӣ дар саросари ҷаҳонро муаррифӣ мекунад.

Дар бахши филм ҳам аъмоли ибодии дини ислом аз ҷумла сафари ҳаҷ ва хонаи Каъба ба боздидкунандагон муаррифӣ мешавад.

Манбаъ: Икно

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст