Ба нақл аз рӯзномаи Ал-миср-ул-явм Аҳмад Тайиб дар ин баёния ҳузну андуҳи худро аз кушта шудани теъдоде аз умрагузорони мисрӣ дар ҳодисаи оташсӯзии меҳмонхонаи Ашроқ-ул-мадина иброз .

Шайхи Алазҳар дар ин баёния ки шаби гузашта онро мунташир кард, аз пешгоҳи Худованд барои маҷруҳони ҳодиса шифои комилро хостор шуд.

Одил Алфӣ, сарконсули Миср дар Ҷидда низ эълом кард: Оташсӯзи дар меҳмонхонаи Ашроқ-ул-мадина, ки ба кушта шудани теъдоде аз умрагузорони мисрӣ шуд, натиҷаи иттисоли барқ дар меҳмонхона буда аст.

Ба гуфтаи Салоҳ Юсуф, раиси ақалияти мисри муқими Арабистон, 43 тан дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштаанд, ин дар ҳоле аст, ки бархе аз манобеи мисрӣ теъдоди маҷруҳонро беш аз ин эълом кардаанд.

Вай ҳамчунин тасреҳ кард: Умрагузорон дар ин ҳодиса бар асари хафагӣ аз дуди зиёди оташ фавт кардаанд ва таҳқиқот дар бораи номҳои кушташудагон ва ҷароҳатдидагони ин ҳодиса ҳамчунон идома дорад.

Бино ба гузориши манобеи Арабистон, 13 умрагузор дар ин ҳодиса ҷони худро аз даст додаанд.

iqna.ir

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст