Ҳайдар Ҷамол, раиси Кумитаи исломии Русия мегӯяд, литсейҳои туркӣ, ки асосгузори онҳо Фатҳуллоҳ Гулен мебошад, марокизи омодакунии “ҷосусҳо”-и Амрико ҳастанд.

Раиси Кумитаи исломии Русия дар навори видеоие дар ин бора суҳбат карда, гуфтааст, Фатҳуллоҳ Гулен яке аз ҷонибдорони аслии сиёсатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад. Ба гуфтаи Ҷамол, Гулен таҳти ҷонибдории ИМА қарор дошта, ташвиқгари сиёсатҳои ин кишвар миёни мардуми мусулмон ба шумор меравад.

Ин руҳонии рус аз пайравони дини мубини Ислом даъват мекунад, ки ҳар куҷое бо амалҳои ташвиқотию таблиғотии Фатҳулло Гулен рӯбарӯ мешаванд, алайҳи он мубориза баранд: “Бояд, алайҳи ин таблиғот мубориза бурд ва мо бояд, чашми бародарони худро кушоем.”

Фатҳулло Гулен, ки муассиси литсейҳои туркӣ дар бархе аз кишварҳои собиқ шӯравӣ маҳсуб меёбад, ҳоло дар штати Пенсилвани ИМА ба сар мебарад. Литсейҳои туркӣ ба ҷуз Узбакистон дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аз солҳҳои 90 ба ин сӯ фаъолият доранд. Мақомоти Тошканд соли 1999 баъд аз ба сардӣ гароидани равобити худ бо Анкара фаъолияти ин навъи омӯзишгоҳҳо дар кишвари худро мамнуъ кард. Шумораи литсейҳои туркӣ дар Қирғизистон ба 25 адад расида, дар Тоҷикистон ин навъи омӯзишгоҳҳо ба 6 адад мерасад.

Садои Хуросон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст