Бар асоси мусаваббаи давлати Тоҷикистон дар ин кишвар Фарҳангистони васоити ахбори умум таъсис шудааст.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҳайъати давлати ин кишвар дар мавриди ташкили чунин як ниҳоди давлатӣ мусавабба тасвиб гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журнолистони Тоҷикистон, дар мавриди таъсиси Фарҳангистони васоити ахбори умум ибрози беиттилоъӣ кард ва гуфт, аз аҳдофи ин ниҳоди давлатӣ хабар надорад.

Оқои Саттор гуфт, чун ин ниҳод ба фаъъолияти васоити ахбори умум рабт мегирад, хуб мебуд ниҳодҳои зирабти давлатӣ ба ҳангоми таъсиси ҳамчунин ниҳод бо созмонҳои хабарнигорӣ, бахусус, Иттиҳодияи журнолистон ҳамкорӣ мекарданд.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 10 марти соли 2012 дар маросими мутантан дар иртибот ба 100-умин солгарди “Бухорои шариф”, нахустин рӯзномаи тоҷикӣ хостори таъсиси Фарҳангистони васоити ахбори умум шуда буд.

Оқои Раҳмон ба ниҳодҳои зирабти давлатӣ дастур дода буд, то асноди заруриро дар мавриди таъсиси чунин ниҳоди давлатӣ таҳия карда ва барои баррасӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кунанд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст