shariat-zakonТибқи назарпурсии созмони амрикоии Pew Forum 27% шаҳрвандони Тоҷикистон мехоҳанд, ки қонунҳои шариат қабул карда шавад, 33% пурсидашудагон дар Тоҷикистон хостори он будаанд, ки масоили оилавӣ дар доираи муқаррароти шариат баррасӣ гардад.

Ин созмон дар миёни 38 ҳазор нафар, ки бо 80 забони дунё гуфтугӯ мекунанд, дар 39 кишвари ҷаҳон дар бораи муносибати онҳо ба шариат назарпурсӣ гузарондааст.

Дар миёни давлатҳои наздик ба Тоҷикистон аз ҳама бештар мусалмонони Русия хостаанд, ки қонунҳои шариатро қабул намоянд. Дар миёни пурсидашудагон дар ин давлат 42% хостори қабули қонунҳои шариат гардидаанд. Ин нишондод дар Тоҷикистон 27%-ро ташкил додааст.

8%-и пурсидашудагон дар Озорбойҷон, 12% дар Туркия, 10% дар Қазоқистон ва 35% дар Қирғизистон хостаанд, тибқи қонунҳои шариат зиндагӣ намоянд. 

Ҳамчунин, 8%-и пурсидашудагон дар Озорбойҷон, 14% дар Туркия ва Қазоқистон, 44% дар Қирғизистон ва 33% дар Тоҷикистон ризоянд, ки муносибати оилавиашон дар асоси қонунҳои шариат ба роҳ монда шавад.

Манбаъ: Тоҷнюз

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст