چاپ

Низомиддин Зоҳидӣ гузинаи Душанбе барои сафорат дар Теҳрон шуд.
Бар асоси иттилоърасонии Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 апрел кадрҳоеро таъин кард. Аз ҷумла Низомиддин Зоҳидӣ аз вазифаи муовини якуми ВКХ озод ва ба вазифаи сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таъин гардид.
Зоҳидӣ замоне дар Теҳрон кори сафорати худро оғоз мекунад, ки равобити Душанбе-Теҳрон дар чанд соли ахир бо бадгумонӣ ва бадбинӣ рӯбарӯ буд. 
Муҳаммадтақии Собирӣ, собиқ муовини вазири хориҷаи ҶИЭ моҳи марти 2019 ба Душанбе аз тариқи Туркия рафт то сафири Теҳрон дар Душанбе бошад ва изҳори умедворӣ кард, ки таъйини мақомҳои баландпоя ба мақоми сафирӣ дар Душанбе ва Теҳрон ба оддӣ сохтани равобити ду кишвар кӯмак хоҳад кард.
Моҳи феврали 2019 аз сӯи мақомоти ҶТ барои беҳбуд бахшидан ба равобити Душанбе-Теҳрон мавзеъгириҳое ошкор шуд.
Умед аст равобити ду кишвари дӯсту бародар бо заминаҳои муштараки забонӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва динӣ ба ҳолати оддӣ ва дӯстона баргардад.
زیر مجموعه: Хабарҳо
بازدید: 406