چاپ
Якуми январ 83-умин солрӯзи таваллуди шоири хушноми тоҷик Абдуллоҳи Қодирӣ аст.
Абдуллоҳ Қодирӣ (Мумтоз) якуми январи 1936 дар шаҳри Душанбе дар оилаи ошно ва алоқаманд ба адабиёт ба дунё омад. Ӯ дар бораи падараш мегуфт: Падарам шеърдӯсту шеърдон буд. Вай дар бораи Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил ва Румӣ қиссаҳо мекарду бо порчаҳои шеърӣ суханҳояшро тақвият мебахшид.
Аз даҳсолагӣ завқи сурудани шеър дошт ва аввалин чор мисраъро дар бораи Соро духтари 18 солаи ҳамсояашон, ки дугонаи апааш буд суруд.
Дар синфи ҳафт мехонд, ки муаллими забон ва адабиёташон Тилло Пӯлодӣ дар синф пурсид: Дар миёни шумо касе, ки алоқаманд ба адабиёт ва шеър бошад ҳаст?
Ҳамсинфонаш ӯро нишон доданд. Ӯ ба пеши тахта рафт ва шеърашро бо номи "Гулбоғи Тоҷикистон" хонд. Ҳамаи синф ва устод ӯро ташвиқ карданд. Баъдан бо таҳрири Пулодӣ дар 15 ноябри 1953 №46 (1248) дар рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон" чоп шуд. Дар пешгуфтори шеър омада буд: «…Ин шеър гарчанде ниҳоят сода, каммазмун ва аз ҷиҳати маҳорат суст бошад ҳам, лекин аз таҳти дил гуфта шудааст ва гувоҳӣ медиҳад, ки хонанда А.Қодиров ,агар кӯшиш кунад, дар оянда шеърҳои хуб ба вуҷуд оварда метавонад. Т. Пӯлодӣ, роҳбари кружоки адабӣ- бадеӣ, муаллими забон-адабиёти мактаби миёнаи мардонаи №7-и шаҳри Сталинобод».
Аз ин ба баъд Пулодӣ ҳаққи устодӣ ва роҳнамоӣ ба гардани ӯ пайдо кард ва дар мактаб ӯро шоир садо мезаданд.
Пас аз як соли чопи шеъри аввал Абдуллоҳи наврас бо ҳидояти муҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» Абдумалик Баҳорӣ ва ходими ҳамин рӯзнома шоир Акобир Шарифӣ минбаъд бо имзои Абдуллоҳ Қодирӣ шеър менавиштагӣ шуд.
Гулбоғи Тоҷикистон
Чунин боғе бидидам дар табассум,
Намудам васфи неки ӯ тараннум.
Ба ӯ гуфтам, ки эй гулбоғи зебо,
Шудӣ аз меҳнати моён дилоро.
Ба хурсандӣ дар он ҷо дам гирифтам,
Ҳавои тозаву форам гирифтам.
Чу баргаштам ба сӯи манзили худ,
Зи шодӣ ранги рӯи ман чу гул буд.
Ба васфи боғу роғи Тоҷикистон,
Чу булбул месароям аз дилу ҷон.
Мумтоз соли 1961 донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуд. Ӯ худ мегуфт: Бо мурури солҳо суруду таронаҳо ва шеърҳои лирикии навиштаам –«Аз он лабон бӯса бидеҳ» дар иҷрои Рена Ғолибова, «Нозанин ёри ман»- триои занона: Нуқра Раҳматова, Улфатмоҳ Мамаданбарова ва Майсара Дилдорова, «Дили ёрам»- Орифшо Орифов ва Пӯлод Булбул –оғлӣ, «Эй шӯх аҳдат нашканӣ» -Зафар Нозимов, «Боз кай меоӣ» -Шоиста Муллоҷонова, «Дилрабо куҷоӣ, ёд кун ту моро» -Адолат Комилова ва дигар суруду таронаҳоям писанди мухлисони созу суруд шуданд.
Ӯ корманди созмони интишороти Ирфон ва Маориф, корманди бахши мусиқии Кумитаи радио ва телевизион кор кардааст. Мумтоз бештар ғазалсаро аст. Осори чопшудаи ӯ иборатанд аз:
1. Риштаи тасвир, 1979
2. Хандаи субҳ, 1982
3. Боргоҳи ишқ, 1983
4. Чамани хаёл, 1985
5. Оби нуқра, 1986
6. Айёми гул, 1989
7. Гулшани роз, 1992
8. Баҳои ҷон, 1993
9. Сабзаи мижгон, 2000
10. Куллиёти Лаҳни булбул, 2008 (516 саҳифа)
Тилло Некқадам менависад: Устод Қодирӣ як соли охири ҳаёташ бемор буд ва аз чопи китобаш хеле рӯҳбаланд гардид ва ба зудӣ сиҳат шуду аз беморхона баромад. Баъди чанде китобашро бо каме ислоҳ ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» оварда гуфт:
- Дар ин китоб баъзе хатоиҳои грамматикӣ ва техникӣ роҳ ёфтаанд. Китобро гир, шояд дар нашрҳои минбаъда ислоҳ шаванд.
Алъон, куллиёти «Лаҳни булбул»-и Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз бо ислоҳҳо дар дасти ман аст. Шояд рӯзе нашриётҳои давлатии ҷумҳурӣ ба чопи куллиёти нисбатан мукаммали устод даст зананд, китоб бо ислоҳҳои муаллиф лозим мешавад. Бар замми ин, устод Қодирӣ дастнависҳои куллиёташро ҳам аз ҷузвдонам нагирифту гуфт:
- Бигзор дастнависҳоям чун ёдгор дар дастат монанд, зеро аз ту дилам пур аст. Ту дастнависҳоямро нағз ҳифз мекунӣ ва оянда истифода хоҳӣ бурд.
Устод Абдуллоҳи Қодирӣ ашъори хубе дар васфи Расули Худо(с) ва Аҳли байти ишон дорад.
Васфи маҳбуб
Шабе хоҳам чу гесӯи Муҳаммад (с)
Ва субҳи равшан аз рӯи Муҳаммад (с)
Набошад орзуи ҳар ду олам
Ба ғайр аз дидани рӯи Муҳаммад (с)
Худо вақте дубайтӣ месарояд
Назар дорад ба абрӯи Муҳаммад (с)
Хутан аз мушки ноби хеш нозад
Ман аз бӯи хуши мӯи Муҳаммад (с)
Ғинову сарвати дунё чӣ бошад
Ба пеши тори гесӯи Муҳаммад (с)
Ду бозуи Алӣ шуд дар адолат
Чу шоҳини тарозӯи Муҳаммад (с)
Ба дунё гар намонад ҳеҷ номе
Бимонад номи некӯи Муҳаммад (с)
Абӯҷаҳлони дунё хор монед
Ки дунё пур шуд аз бӯи Муҳаммад (с)
Саранҷом ин шоири хушсалиқа ва мумтоз 23 майи соли 2009 дар синни 73-солагӣ ба диёри боқӣ шитофт. Рӯҳаш шод!
Манобеъ:
1. Аз соқа то садр, Мусавии Гарморӯдӣ, саҳ.466-469
2. Аз шеъри кӯчак то таронаҳои ҷовидонӣ, Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум», №32 (3178) 01.04.2014
3. Мо агар мактуб нанвиштем, айби мо макун…, Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум», №7 (3487) 16.01.2016
Таҳия ва танзими С. М.
زیر مجموعه: Хабарҳо
بازدید: 464