چاپ

Сафири ҶИЭ дар Душанбе дар паёме "рӯзи забон"-ро табрик гуфта овардааст, ки забони ҳар миллате сутуни хаймаи ҳувият ва зарфи интиқоли таърих, фарҳанг ва арзишҳои муштараки якояки он аст.
Ҳуҷҷатуллоҳ Фиғонӣ боландагии забони муштараки мардуми ҶИЭ ва ҶТ, ки аз пайвандҳои амиқи ҳазоронсола тамаддунӣ, фарҳангӣ, ҳувиятӣ, забонӣ ва динии онон мебошад сарчашма мегирад, мадюни талошҳои бузургоне ҳамчун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдии Шерозӣ ва фарзандони муосирашон Шаҳрёри Табрезӣ, Садруддин Айнӣ, Парвини Эътисомӣ, Мӯъмин Қаноат, Суҳроби Сипеҳрӣ, Гулрухсори Сафиева ва … аст.
Ӯ идома дода, ки ҷои басе хушҳолӣ аст, ки давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи пас аз истиқлол, бо арҷ ниҳодан ба ин гавҳари ягонаи миллат, забони порсӣ-тоҷикиро ба унвони забони давлатӣ баргузид.
Сафири ҶИЭ дар Душанбе ин рӯзи муҳим ва таърихиро ба давлат ва миллати Тоҷикистон табрик гуфта ва аз Худованд барои ҳама гӯяндагони ин забони тамаддунсоз ва фарҳанггустар дар саросари олам, орзуи муваффақият кардааст.
Рӯзи панҷуми октябр ба номи рӯзи забон дар Тоҷикистон номгузорӣ шудааст.
زیر مجموعه: Хабарҳо
بازدید: 610