Аслан ба ин мавзӯъ баргаштан намехостам ва навиштанро низ дар борааш зарур намешуморидам, агар ахбори чанд рӯзи ахир нашркардаи бахши тоҷикии радиои "Озодӣ"-ро пайгирӣ намекардам...
Дуруст аст, ки фарҳанг (рассомӣ, синамо, чӯбтарошӣ, ҳайкалсозӣ, рақсу раққосӣ, сурудхонӣ ва амсоли инҳо...) ҷузъи ҷудонашавандаи маънавиёти Инсоният (на миллати алоҳида) буданду ҳастанд, аммо ҳар чизе меъёр, андоза, ченак ва ҳадди худро дорад.
Тоҷикистон, ки як кишвари шарқӣ бо таомулу расму одоти худ аст, тайи ин ҳама солҳои истиқлолият ва дар гузашта низ ба иффати зан (модар, хоҳар, бону, апа, хола, амма ва бибиҳои ҳамаи мо) таваҷҷуҳу арзиши хосеро қоил буду ҳаст (дар оянда низ ҷойгоҳу мавқеъи зан устувортару боиззаттар мешавад, ман ба ин бовар дорам)...
Вале чӣ мегӯед, ки бо баргузории як намоиш ва ба маъраз гузоштани тани луч (урён, ҳамон бе курта)-и духтари тоҷик ва сигор дар лаб бархе аз ҳамватанон онро "инқилоби зани тоҷик", "исёни бонуи тоҷик" ва ким-чиҳои дигар эълон доштанду радиои фавқ бозтоби густурдаи онро ба роҳ монд. Агар хато накунам, дар ин маврид 5 (панҷ) матлаб таҳия ва нашр кард.
Азизони дил, бо ба намоиш гузоштани бадани зани тоҷик мушкилоти иқтисодӣ-сиёсӣ-иҷтимоӣ-фарҳангӣ-илмӣ ва дигару дигари мо ҳеч вақт ҳал намешавад, ҳатто агар бадтар нашавад.
Бонуи тоҷик ҳамеша бо иффату покӣ, назокат, салосат, шарми ба худ хос, эҳтироми вижа ва пинҳон нигоҳ доштани бадан (ман рӯйро дар назар надорам) на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар тамомии қаламрави собиқ шӯравӣ аз дигар қавму қабилаҳо фарқ дошту дорад.
Акнун бигӯед, ки чӣ касе аз ҷонибдорони "бадани урён" ҳозир аст, ки акси наздиконаш дар ҳамин шакл ва сурат ба маъраз гузошта шавад?
Ман дар мавриди паҳлуҳои динӣ ҳеч чиз нагуфтам, зеро дар ин бора зиёд гуфтанду навиштанд, ҳол он ки барои ҳар миллат дин муқаддас аст (ҳарчанд эътиқод озод асту кори шахсии ҳар инсон).
Тарғиби фаҳш, ташвиқи фарҳанги бараҳнагӣ (лучу лухт), нашри хабарҳо дар бораи никоҳи ҳамҷинсон (мард бо мард, зан бо зан)..., барои ҷомеъаи шарқӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон ноқабул (ғайри қобили қабул) буд, ҳаст ва мемонад. Инро қавонини кишвар бо гунаҳои мухталиф пешниҳод ва дарҷ менамоянд. Ин ҷо боз мегӯям, ки сухан сари "нақзи ҳуқуқи зан" ва ё кадом арзиши дигари демократӣ намеравад.
Фарҳанг фарҳанг аст, аммо он ҳам ҳадду ҳудуди худро дорад. Шояд тасвири кадом ашё ва ҳолати инсонӣ дар асарҳои ҳунармандони алоҳида ҷо дошта бошанд, аммо ба гунаи густурда ва бозтоби доманадор аз онҳо дархӯри ҷомеъаи мо намебошад...
Қиёси Тоҷикистон ва ҳар кишвари дигари шарқӣ ба мамолики Ғарб кори дурусте нест, хосатан вақте сухан дар мавриди иффати хоҳарону бонувону модарон меравад...
Зимнан, оё аз ин дида мавзӯъи доғтар дар Тоҷикистон ва атрофи он нест?!
Ҳаст ва хеле зиёд. Ҳоло ки минбар дореду расонаи қавии байналмилалӣ (Озодӣ) дар хидмати шумо ҳамкорон аст, пас кӯшиш кунед рисолати аслӣ ва касбиятонро анҷом диҳед.
Бо арзи эҳтиром: Хилватшоҳ Маҳмуд, рӯзноманигор.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст