چاپ
Натиҷаи як пажӯҳиш нишон медиҳад, ки 65% аз донишҷӯёни тоҷике, ки дар марказҳои омӯзишии хориҷ аз ҶТ таҳсил мекунанд, намехоҳанд ба ватан баргарданд.
Ба гузориши хабаргузории Фарғона, натоиҷи пажӯҳиши созмони ғайридавлатии “Муҳоҷират ва омӯзиши ҷавонон” нишон медиҳад, ин донишҷӯён қасд доранд пас аз поёни таҳсил дар ҳамон кишвар фаъолият кунанд ва ба Тоҷикистон бознагарданд.
Аз ин афрод иллати барнагаштан ба Тоҷикистон ҳам пурсида шудааст, ки
35% вуҷуди рақобати шадид барои соҳиби шуғл шудан,
32% маош ва музди ночиз,
20% надоштани ҳомӣ ва пуштибон барои ёфтани кор
ва 7% низ вуҷуди фасоди молӣ ва ришвахориро, ки истихдом шудан дар Тоҷикистонро зери суол мебарад, иллати бознагаштани худ эълом кардаанд.
Аз миёни ширкаткунандагон дар ин таҳқиқ 28% ҳам гуфтаанд, ба ватан бозмегарданд ва 7% низ ҳанӯз дар ин маврид тасмим нагирифтаанд.
Бар асоси омори расмӣ, дар ҳоли ҳозир 40 ҳазор нафар аз донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия машғул ба таҳсил ҳастанд.
زیر مجموعه: Хабарҳо
بازدید: 602