چاپ
18-уми май устод Муъмин Қаноат, шоир ва чеҳраи маъруфи фарҳангии Тоҷикистон ду рӯз пеш аз ҳаштоду шашумин солгарди зодрӯзаш даргузашт. Ӯ чанд муддати охир ба далели беморӣ бистарӣ буд.
Муъмин Қаноат соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз ба дунё омад ва пас аз хатми мактаби зодгоҳ дар парваришгоҳи давлатии Ғарм ва риштаи забон ва адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идомаи таҳсил дод.
Вай аз донишомӯзӣ ба шеъргӯӣ оғоз карда дар аввалҳои даҳаи 1960 ҷиддӣ ба арсаи адабиёт ворид шуд.
Муъмин Қаноат солҳои тӯлонӣ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Бисёриҳо шеъри "Забони модарӣ"-иашро нахустин шуълаи истиқлолхоҳии миллии тоҷикон дар замони Шӯравӣ медонанд.
Устод Қаноат соҳиби осори мондагоре чун достонҳои “Тоҷикистон-исми ман”, “Суруши Сталинград”,”Созҳои Шероз” ва “Гаҳвораи Сино” аст.
Охирин офаридаи маъруфи устоди сухан “Масъуднома” аст, ки ба Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон бахшида шудааст.
Ӯ муддате ҳам дар Эрон зиста ва борҳо ба ин кишвари ҳамзабон сафар кардааст, ки ҳосили яке аз ин сафарҳо манзумаи “Созҳои Шероз” аст.
Устод Қаноат дар охирин сафар ба Теҳрон дар ҳузури ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари ҶИЭ шеърхонӣ карда мавриди таҳсини ишон қарор гирифта буд.
Сомонаи Тоҷикон даргузашти устод Мӯъмин Қаноатро ба бозмондагони устоди марҳум ва ҳамаи адабдӯстон таслият мегӯяд.
زیر مجموعه: Хабарҳо
بازدید: 648