چاپ

9 майи 2018 эшони қорӣ Абдулхолиқи Қумсангирӣ, яке аз машҳуртарин қориёни тоҷик дар синни 65 солагӣ дар бемористони "Қарияи боло"-и шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ин қории машҳур рӯзи 6 май дар ноҳияи Тоҷикобод дучори садама шуда буд.
Ба гуфтаи наздиконаш, қарор аст ӯро дар ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супоранд.
Қорӣ Абдулхолиқ дар деҳаи Оқотуни ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Падараш эшони Абдурауф аз рӯҳониёни маъруфи замони худ буд. Эшон солҳои охир дар лаби дарёи Элоки ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекард ва соҳиби 12 фарзанд – 7 писар ва 5 духтар – буд ва чанд соли охир баъди як инсулт як тарафи баданаш хуб кор намекард ва ба сахтӣ бештар бо кӯмаки дигарон ҳаракат мекард.
Ӯ "Қуръон” ва ҳунари қироату тиловати ин китоби муқаддасро пеши қорӣ Абдулмӯбини Андиҷонӣ омӯхта беш аз 5 ҳазор ҳофизи комили "Қуръон”-ро тарбият карда, устоди қориёни Тоҷикистон шинохта шуда буд, ки аз ҷумла бародараш қорӣ Муҳаммадайюб, қорӣ Сиратуллоҳи Элокӣ ва қорӣ Муҳаммадсаиди Панҷӣ метавон ном бурд.
Ҳамаи фарзандони қорӣ Абдулхолиқ ҳофизони комили "Қуръон” ҳастанд. Як писараш қорӣ Сиратуллоҳ аст, ки дар чандин озмуни байналмилалии қориёни "Қуръон” пирӯз шудааст.
Сомонаи Тоҷикон ҳам ин мусибатро ба бозмондагони эшон ва қуръондӯстони Тоҷикистон таслият гуфта барои эшон аз Худо талаби раҳмату мағфират дорад.
زیر مجموعه: Хабарҳо
بازدید: 742