5 май, зодрӯзи Рустами Ваҳҳоб, яке аз шоирону адабиётшиносони тавонои муосири тоҷик аст.
Ӯ 5 майи соли 1960 дар деҳаи Капалии ноҳияи Тоҷикобод ба дунё омадааст. Бахши филологияи ДДТ-ро дар соли 1983 хатм кардааст.
Баъди хатми донишгоҳ дар соли 1984 ба аспирантураи ДДТ дохил шудааст. Аз ҳамин сол дар донишгоҳ муаллим ва мухбири рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ба кор оғоз кард.
Солҳои 1991-1992 котиби масъул ва муҳаррири маҷаллаи «Фарҳанг» буд. Аз соли 1994 то 2006 дар Донишгоҳи улуми инсонии Бишкек устоди забон ва адабиёти форсӣ буд.
Баъди бозгашт ба Ватан соли 2007 ба ДМТ ба кор даромада то кунун дар кафедраи назария ва адабиёти навини форсӣ-тоҷикии ин донишгоҳ фаъолият мекунад.
Ҳамакнун Рустами Ваҳҳоб сардабири маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» аст.
Соли 2008 дар мавзӯи «Таҳаввули поэтикаи вазн ва ритми шеъри муосири тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ намуда онро бо такмил ба сурати дастури таълимӣ ба чоп расондааст.
Рустами Ваҳҳоб муаллифи се китоби шеър— «Калимаҳо» (1990), «Шаҳри Хуршед» (2008) ва «Салом» (2015) аст. Барои маҷмӯаи «Шаҳри Хуршед»-аш барандаи Ҷоизаи адабии ба номи М. Турсунзода шудааст.
Соли 2012 маҷмӯаи мақолаҳояш бо унвони «Адабиёт ва фарҳанги миллӣ» дар нашриёти «Адиб» ба чоп расид. Мунтахаби аҳодиси Паёмбари Акрам (с)-ро таҳия ва ба забони русӣ тарҷума кардааст.
Ӯ ҳамчунин муаллифи ду китоби пурарзиши "Шеър ва дониш” ва "Дуруст бинависем” буда, китоби "Шеър ва дониш”-и ӯ аз ҷониби вазорати фарҳанги Тоҷикистон беҳтари китоби соли 2017 интихоб шуда буд.
Мо ҳам зодрӯзи адиби хушзавқи тоҷикро ба ишон ва ҳамаи алоқамандони шеъру адаб табрик гуфта барояшон муваффақият мехоҳем.
Намунаи шеъри ин адиби тоҷик
НАҶВО
Гоҳ пинҳон, гоҳ пайдо мешавӣ,
Гоҳ сокит, гоҳ ғавғо мешавӣ.
Гоҳ шабнам мешавӣ дар чашми гул,
Гоҳ меҷӯшиву дарё мешавӣ.
Дида бикшоям, ниҳонӣ аз назар,
Чашм барбандам, ҳувайдо мешавӣ.
Андаруни ҷони ман биншастаӣ,
Дар дилам доғи сувайдо мешавӣ.
Эй ки дар олам намегунҷӣ, чи сон
Дар дили маҷрӯҳи ман ҷо мешавӣ?
Ҳарчи мехонам, садо наҷвои туст,
Ҳарчи мегӯям, ту маъно мешавӣ.
Сомонаи Тоҷикон
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст