Дар Қазоқистону Узбакистон ба далели ин ки рӯзи 1 сентябр иди Қурбон аст соли таҳсилӣ 2 сентябр ва дар Қирғизистон 4 сентябр оғоз мешавад. Дар Тоҷикистон бо қарори вазорати Маориф, рӯзи 1 сентябр хонандагону донишҷӯён бояд ба дарс бираванд.
Вазорати маорифи Узбакистон хабар дод, ки дарсҳо дар мактабҳои миёнаи ин кишвар рӯзи 2 сентябр бо як сафороии тантанавӣ ва дарсҳо дар мавзӯҳои "Истиқлолият” ва "Ёдбуд” оғоз мешаванд. 1 сентябр дар Узбекистон солгарди 26-уми истиқлоли ин кишвар аст ва рӯзи 2 сентябр – солгарди аввали президенти нахустинаш Ислом Каримов ва ин ду дарси аввал дар мактабҳои Узбакистон ба ҳамин ду мавзӯъ бахшида мешаванд.
Вазорати маориф ва илми Қазоқистон низ эълон кардааст, ки соли нави таҳсил дар ин кишвар 2 сентябр оғоз мешавад. Дафтари матбуоти ин вазорат гуфтааст, ки тасмим дар бораи ба рӯзи 2 сентябр қафо партофтани рӯзи оғози соли нави таҳсил ҳанӯз дар поёни моҳи март гирифта шуд.
Дар Қирғизистон соли нави таҳсили имсол расман 4 сентябр шурӯъ хоҳад шуд. Аммо бино ба иттилоияи вазорати маориф ва илми ин кишвар, рӯзи ҷумъа, 1 сентябр соати даҳи субҳ дар ҳамаи мактабҳо сафороии тантанавӣ ба муносибати соли нави таҳсил доир шуда, сипас ба хонандагон як соат дар бораи таърих ва фарҳанги кишвар дарс хоҳанд гуфт, аммо ширкат дар ин маросим барои хонандагон ҳатмӣ нест. Вазорати маорифи Қирғизистон низ дар иттилоияи расмиаш таъкид кардааст, ки 1 сентябр рӯзи ид аст, на дарсӣ ва соли таҳсил дар ҳамаи мактабҳои кишвар расман рӯзи душанбе, 4 сентябр оғоз хоҳад ёфт.
Ҳамин тавр, дар ҷумҳурии мусулмоннишини Русия низ ба далели иди Қурбон оғози соли нави таҳсилро ба рӯзҳои 2 ё 4 сентябр қафо партофта, ҳатто дар чандин мактаби шаҳри Маскав, ки бахше аз хонандагонашон мусулмононанд, ба далели иди Қурбон соли таҳсил 2 сентябр сар мешавад.
Ин дар ҳолест, ки вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 25 август қарор кард, ки рӯзи 1 сентябр дар ҳамаи мактабҳои Тоҷикистон Рӯзи дониш баргузор шавад. Ба ин далел, хонандагону омӯзгорон дар ин рӯз, ки дар кишвар иди Қурбон таҷлил мешавад, бояд ба дарс бираванд.
Ин қарор вокунишҳои зиёди аксаран манфиро дар Тоҷикистон ба бор овардааст. Бисёриҳо ин қарори вазорати маорифро мухолифи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид мешуморанд.
Дар моддаи сеюми қонуни рӯзҳои иди Тоҷикистон гуфта шудааст, ки рӯзи иди Қурбон "ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи дин муқаррар карда мешавад” ва рӯзҳои ғайрикорӣ дониста мешавад. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, қарори маълум, 1 сентябрро рӯзи иди Қурбон эълон кард ва бар асоси ин, мебоист 1 сентябр дар тамоми идораҳову корхонаҳо ва мактабҳои Тоҷикистон ғайрикорӣ эълон мешуд.
Аммо Исмоил Файзизода, муовини раиси Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, ниҳоде ки риояи қонуни меҳнат дар кишварро бояд назорат кунад, гуфтааст, ки ин қарори вазорати маориф мухолифи қонун нест ва "вазорат дар доираи салоҳияти худ қарор қабул кардааст.”
Имом-хатибони масҷидҳо ҳанӯз қабл аз судури ин қарори вазорати маориф ба омода кардани мардум шурӯъ карда буданд. Бисёри имом-хатибон рӯзи 25 август дар мавъизаҳои худ дар намози ҷумъа аз мардум даъват карданд, ки рӯзи 1 сентябр кӯдакони худро ба дарс бифиристанд. Онҳо ҳамаро таскин медоданд, ки таҷлили иди Қурбон се рӯз аст ва рӯзҳои дуюму сеюми ид, ки ба рӯзҳои истироҳат рост меояд, кӯдакон метавонанд ба ҳузур ид кунанд.
Ин барои бори аввал дар 26 соли истиқлоли Тоҷикистон аст, ки хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф аз ҳаққи таҷлили иди Қурбон, яке аз ду иди умдаи мусулмонӣ маҳрум карда мешаванд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон жар бораи рӯзҳои ид
Моддаи 3. Рӯзҳои иди ғайрикорӣ
Рӯзҳои зерини ид рӯзҳои ғайрикорӣ дониста мешаванд:
- 1 январ - Соли нав;
- 8 март - Рӯзи Модар;
- 21-24 март - Иди байналмилалии Наврӯз;
- 1 май - Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон;
- 9 май - Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ;
- 27 июн - Рӯзи Ваҳдати миллӣ;
- 9 сентябр - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 6 ноябр - Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Рӯзи иди Рамазон - ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи дин муқаррар карда мешавад;
- Рӯзи иди Қурбон - ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи дин муқаррар карда мешавад.
Ахбор

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст