Рӯзи 16 майи 2017 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ маросими баимзорасии созишномаи қарзӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сандуқи Рушди Саудӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои миёна, марҳалаи 4» баргузор гардид.
Лоиҳаи мазкур ба беҳтар намудани сатҳи маълумоти умумӣ тавассути сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани як қатор мактабҳои миёна дар ноҳияҳои Мӯъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Данғара, Шамсиддини Шоҳин, Кӯлоб, Восеъ, Фархор, Темурмалик, Ҳамадонӣ, Бохтар, Норак, Хуросон, Ҷайҳун, Вахш, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Дӯстӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Деваштич, Истаравшан, Панҷакент, Ашт, Конибодом, Мастчоҳ, Варзоб, Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Нуробод ҳадафманд гардонида шудааст.
Татбиқи лоиҳаи мазкур баҳри қонеъ гардондани талаботи сохтори маорифи мамлакат ва зиёд намудани шумораи донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон аҳамият  дорад.
Ин сандуқ баҳри иҷрои лоиҳа дар ҳаҷми 35 миллион доллари ИМА маблағ ҷудо кард. Дар назар аст, ки татбиқи лоиҳа соли 2023 ба анҷом расад.
Бознависӣ аз «Ховар»

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст