چاپ

hajjj2Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон нархи хизматрасониҳоро барои мавсими Ҳаҷ-2017 муайян кардааст. Афшини Муқим, як масъули ин ниҳод, 17 май гуфт, арзиши хизматрасониҳо дар мавсими Ҳаҷ-2017 дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории кишвар 32 ҳазору 671 сомонию 89 дирамро ташкил медиҳад. Ба иттилои ӯ, ин маблағ барои пардохти “чиптаи ҳавопаймо (рафту баргашт), будубош дар меҳмонхонаҳои Маккаи мукаррама дар масофаи то 1 км аз Масҷидулҳаром, иқомат дар утоқҳои дорои 4-6 рахти хоб, иқомат дар меҳмонхонаҳои марказии Мадинаи мунаввара ва дорои 4 рахти хоб, таъмини ҳоҷиён бо се вақт хӯроки муайян дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо хӯрок дар мавзеъҳои Мино, Арафот ва Муздалифа, таъмини роҳбаладони соҳибтаҷриба ва забондон барои ҳар як гурӯҳ дар тӯли сафари ҳаҷ, иқомат дар Мино дар зери хаймаҳои муҷаҳҳаз бо ҷиҳози сардидиҳанда, анҷом додани қурбонии ҳоҷиён, таъмини ҳоҷиён бо кӯрпаҳои тунук, кӯрпача ва болишт дар Мино, таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён: Ҷадда–Макка–Мино–Арафот–Муздалифа –Мино–Макка–Мадина, пардохти маблағи ширкатҳои хизматрасон дар Арабистони Саудӣ, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина ва расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба ҳоҷиён, таъмини ҳоҷиён бо бейҷикҳо, маълумотномаҳо ва китобчаҳо доир ба ҳаҷ, таъмини ҳоҷиён бо 5 литр оби Замзам аснои бозгашт ба Ватан, таъмини ҳоҷиён бо ҷузвдонҳои калону хурд, пардохти маблағи авоид (боҷи шоҳӣ)” дар назар дошта шудааст. Ҷаноби Муқим афзуд, бо арзиши имрӯзаи доллар нарх қариб, ки тағйир наёфтааст: “Гузашта аз ин, имсол Арабистон қимати боҷи шоҳиро 52 доллар боло бурд”. Ба таъкиди вай, зоирини тоҷик метавонанд маблағи зикршударо аз тариқи БДА ҶТ “Амонатбонк” ва намояндагиҳои он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар пардохт намоянд. Соли 2015 нархи хизматрасониҳо барои зоирини тоҷик 22 ҳазору 906 сомониву 98 дирам ва соли 2016 -- 28 ҳазору 649 сомонию 10 дирамро ташкил медод.
Хабаргузории Озодагон

زیر مجموعه: Хабарҳо
بازدید: 1074