Созмони хабарнигорони бе марз бо нашри гузориши нав дар мавриди озодии матбуот дар соли 2017 Тоҷикистонро миёни 180 давлати дунё дар ҷои 149-ум қарор додааст. Соли гузашта Тоҷикистон якбора 34 зина поин рафта, дар мақоми 150 ҷой гирифта буд.
Гузоришгарон дар радабандии нави озодии баён Арманистонро дар мақоми 79, Молдова-80, Қирғизистон-89, Русия-148, Қазоқистон-157, Белорусия-163 ва Узбакистонро дар мақоми 169-ум ҷой додаанд.
Озодтарин матбуоти дунё дар Норвегия, Шветсия ва Финландия эътироф шудааст ва Чин, Сурия, Туркманистон ва Кореяи Шимолӣ дар охири радабандӣ ҷой гирифтаанд.
Бознависӣ аз Озодӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст