kitob

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд: Бе иҷозаи махсуси ин вазоратхона ворид кардани китоб ба кишвар ё баръакс берун бурдани китобҳо аз кишвар, мумкин нест.
Шералӣ Хоҷаев сардори шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихиву фарҳангии ин вазоратхона гуфт: Ворид намудани китоб ба ҷумҳурӣ бе иҷозаи вазорат мумкин нест.
Вай гуфт: Новобаста аз теъдоди китобҳои воридшаванда шаҳрванд бояд иҷозатномаи вазорати фарҳангро бигирад. Ин талабот ба ҳамаи кишварҳо дахл дорад ва новобаста ба забон ва ё ҳуруфи китоб, чунин иҷозатнома бояд гирифта шавад ва пас аз он, барои ворид ё содир кардани он иҷозат дода мешавад.
Ҷорӣ шудани иҷозатнома барои ворид намудани китобҳо дар ҳолест, ки Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар марзҳо даҳҳо китобҳои умдатан бо хатти форсиро аз мусофирон мусодира мекунанд.
Манбаъ: Озодӣ


@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст