Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон фатво додааст, ки таҷлили Наврӯз ҳеҷ мухолифате бо дини Ислом надорад.
Исфандиёр як корбари сомонаи Шӯрои уламо суол кардааст, ки “Наврӯзро ҷашн гирифтан ҷоиз аст? Шариат дар мавриди ин ки яке аз рӯзҳои наврӯзӣ таоми хосси баҳорӣ пухта, бо омадани Наврӯз мардумро ҷамъ карда таом диҳӣ чӣ мегӯяд?”
Дар посух Шӯрои уламо изҳор доштааст, ки ҷашни Наврӯз ба ягон адёни осмонӣ рабт надорад: “Дар шароити феълӣ Наврӯз ҳамчун иди баҳор ва оғози мавсими кишту кор дар тамоми кураи хокӣ истиқбол мешавад. Агар шумо ҳиммати хайрхоҳӣ дошта бошед, дар чунин рӯзҳо таомҳои гуногун омода карда ба ятимону маъюбон расонед, бисёр кори хайр мешавад, чунки шариати Ислом тарафдори корҳои хайр аст ва кори хайр исроф надорад. Масале ҳаст, ки “дар хайр исроф нест ва дар исроф хайр нест”.
Бознависӣ аз Озодагон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст