Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон табобат аз тариқи тӯмору таштобро, ки миёни мардум роиҷ аст, ҷоиз хонд.
Шурои уламо дар посух ба суоли як корбари сомонааш дармавриди тӯмору таштоб изҳор доштааст, ки “муолиҷа намудан ба василаи таъвиз,  ки дар урфи мардуми мо бо номи тӯмор, раднома ва таштоб машҳур ва маъруф аст, аз нигоҳи шариат ҷоиз мебошад, ба шарти он ки калимоти дар инҳо навишташуда аз оятҳои Қуръон ва дуоҳои шаръӣ иборат бошанд ва маънояшон возеҳ ва фаҳмо бошанд. Илова бар ин, дар онҳо калимоти ширколуд набошад”.
Шӯрои уламо афзудааст, ки дуои даму дегдон, ки дар истилоҳи шаръӣ бо номи “руқя” маъруф аст, аз дуоҳои маъсури Паёмбар(с) собит шудааст: “Калимоти даму дегдон ҳам бояд аз дуоҳои шаръӣ иборат бошад. Навиштани таъвиз (тӯмор) ва хӯрдани оби он (таштоб) ё овехтани он аз саҳобаи киром низ собит шудааст. Ногуфта намонад, ки раднома ва тӯмор барои он касоне аст, ки оятҳои Қуръон ва дуоҳои набавиро ба сабаби нодонӣ, пирӣ ё хурдсолӣ хонда наметавонанд, аммо касоне, ки ин дуоҳоро хонда метавонанд, барои ҳифз аз зарарҳои шайтон бояд худашон ин дуоҳоро субҳу шом ба баданашон бихонанд”.
Ин ниҳод манбаи фатвояшро “Мишкотулмасобиҳ”, “Саҳеҳ”-и Муслим ва “Раддулмуҳтор” баён кардааст.
Озодагон

 

 

 

 

 

 


 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст