Маҷаллаи “Забони порсӣ”, ки аз сӯи Бунёди иҷтимоии “Забони модарӣ” дар Тоҷикистон нашр мешуд аз ин ба баъд нашр намешавад. Дар ин бора яке аз муассисони гуруҳи “Забони порсӣ” дар шабакаи Фейсбук Дорюши Раҷабиён иттилоъ додааст. Аз ҷумла Дорюши Раҷабиён навиштааст: “Бо таассуфи фаровон эълом мешавад, ки бону Зарафшон Мардонова аз мақоми раёсати Бунёди иҷтимоии "Забони модарӣ" канор меравад; ин бунёд ва маҷаллаи "Забони порсӣ" таътил мешаванд”. Маҷаллаи “Забони порсӣ” ва Бунёди иҷтимоии “Забони модарӣ” дар Наврӯзи соли 2013 аз сӯи шуморе аз ҳамвандони гуруҳи фейсбукии “Забони порсӣ” таъсис шуда буданд ва то кунун маҷаллаи “Забони порсӣ” 8 шумора ба табъ расидааст. Яке аз ҳадафҳои таъсиси маҷаллаи “Забони порсӣ” ва Бунёди “Забони модарӣ” фароҳам кардани шароит дар Тоҷикистон барои бозгашт ба хатти форсӣ унвон мешуд. Дорюши Раҷабиён ҳамчунин навиштааст, ки гурӯҳи "Забони порсӣ" бо ҷидду ҷаҳди ҳар чи бештар ҳадафи худро дунбол хоҳад кард. Ҳадафи мо ҳамонест, ки буд: густариши доманаи корбурди забони расмии Тоҷикистон, бозгашт ба хатти порсӣ ва ба номи ростини забони мо дар Тоҷикистону Узбакистон”. Аммо дар иттилоияи фейсбукие, ки Дорюши Раҷабиён нашр кардааст ба далоили аслии таътили маҷаллаи “Забони порсӣ” ва Бунёди иҷтимоии “Забони модарӣ” ишора нашудааст.

Озодагон

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст