Дар Душанбе китоби илмии рӯзноманигор Хуршеди Ҳамдам чоп шуд. Ин китоб “Раҳбари дониш – маҷаллаи маорифӣ ва адабӣ” ном дошта, дар остонаи рӯзи матбуоти тоҷик ба 90-солагии таъсиси маҷаллаи “Раҳбари дониш” бахшида шудааст.  Дар ин асар роҷеъ ба таърихи пайдоиш ва ташаккули маҷаллаи “Раҳбари дониш” ҳамчун маҷмӯаи илмӣ-адабӣ баҳс шуда, авзои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии солҳои бистум ва сиюми қарни бист таҳлилу баррасӣ шудааст. Муаллиф нашри “Раҳбари дониш”-ро барои пешравии тоҷикони Осиёи Миёна ҳодисаи таърихӣ номида, мегӯяд, он “бо чопи матолиби мухталиф ба ҷойгоҳи забону адабиёти тоҷик арҷ гузошта ва тавонист бо ҳуҷҷату далелҳои қотеъ собит созад, ки тоҷикон аз қадимтарин мардумони Осиёи Марказӣ буда соҳиби фарҳангу забон ва тамаддуни башарӣ ҳастанд”. Шӯрои илмию методии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон онро барои донишҷӯёни шуъбаи рӯзноманигорӣ ҳамчун китоби дарсӣ тавсия додааст. Хуршеди Ҳамдам раҳбари намояндагии Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон аст. Пештар ӯ дар расонаҳое мисли ВВС ва ИРНА кор карда ҳоло унвонҷӯи кафедраи матбуоти шуъбаи рӯзноманигории ДМТ аст. Бознависӣ аз Озодагон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст