Бозиҳои варзишии мактаббачагон аз намуди волейбол байни писарон рӯзҳои 25-27 апрели соли 2016 дар шаҳри Қурғонтеппа баргузор гардиданд. Дар мусобиқаи мазкур 16 даста аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр иштирок доштанд. Даври ниҳоии мусобиқаи волейбол 27 апрел баргузор гардида, ғолибон аз тарафи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қурғонтеппа бо туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.

Чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Қурғонтеппа идома доранд.

http://khovar.tj

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст