Ба ҳолати 15 марти соли равон дар ҷумҳурӣ 100 оилаи муҳоҷирони дохилӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин гардид. Муҳоҷирони дар мавзеъҳои нави зист ба қайд гирифташуда 20%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳанд. Дар айни замон 500 оилаи муҳоҷирон, аз ҷумла 80 оила аз ноҳияи Рашт, 60 оила аз ноҳияи Тоҷикобод ва 360 оила аз ноҳияи Лахш дар деҳаи Чоргули ҷамоати деҳоти Муксу, деҳаи Дуванаи ҷамоати деҳоти Алға, деҳаи Ҷаилғани ҷамоати деҳоти Лахш ва деҳаи Сарталои ҷамоати деҳоти Сарталои ноҳияи Лахш ба таври муташаккилона бо қитьаҳои замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ таъмин карда шуданд.

Ҳоло дар мавзеъҳои нави зисти муҳоҷирон 128 оила зиндагӣ доранд.

Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар айни замон корҳои омодагӣ ҷиҳати кӯчонидани муҳоҷироне, ки дар мавзеъҳои хавфнок истиқомат доранд, идома дорад.

АМИН “Ховар”

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст