Ба муносибати зодрӯзи Устод Садриддин Айнӣ ва 90- солагии «Намунаи адабиёти тоҷик»-и ӯ имрӯз, 15 апрели соли равон соати 14 дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода конфронси илмӣ баргузор мешавад.

Дар конфронс, ки онро Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон доир мекунад, нависандагон, шоирон, адабиётшиносон ва донишмандони маъруф иштирок ва суханронӣ хоҳанд намуд.

Дар ин бора муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа хабар дод.

АМИТ “Ховар”

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст