00134Додгоҳи олии Тоҷикистон имрӯз, 17 ноябр баррасии шикояти кассатсионии Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 29 соли зиндонро шурӯъ намуд.Дар ин бора ба “Озодагон” наздикони Саидов иттилоъ дода, афзуданд, ки мурофиа дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) дар Душанбе аллакай оғоз гардид.Додгоҳи Олӣ Зайд Саидовро рӯзи 11-уми августи соли равон бо назардошти 26 соли ҳукми қаблӣ дар маҷмуъ ба 29 соли зиндон бо мусодираи молу мулк маҳкум карда буд. Саидов аз ин ҳукм ба марҳилаи болоии додгоҳ шикояти кассатсионӣ бурд.Қаблан Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов ба “Озодагон” гуфт, тибқи ҳукми ахири додгоҳ, дар баробари маҳрумият аз озодӣ Саидов муваззаф шудааст, 34 миллион сомонӣ гӯиё зарари расондаро ҷуброн кунад.

ozodagon.com

ozodagon.com
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст