Р. Абдулло: Оё наслҳои баъдӣ ба қадри Ваҳдати миллӣ мерасанд?
17-уми июн ба муносибати 18-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон дар "Президент-отел”-и шаҳри Маскав нишасте таҳти унвони "Осиёи Марказӣ-чолишҳои муосир” баргузор мегардад. Дар робита ба мавзӯи "Ваҳдати миллӣ” ва хатарҳое, ки онро таҳдид мекунад, "Наҳзат” пурсишеро дар байни коршиносони тоҷик анҷом дод, ки манзуратон мегардад.

  Рашид Ғанӣ Абдулло, сиёсатшинос
Ба ваҳдат расидем, вале бояд гуфт, ки он мардуме, ки дар он давр ҷанг кардаву зиндагӣ карда буданд барояшон ин ваҳдат аҳамияти фавқуллодаи бузург дорад, чунки дар нооромиҳо буданд. Вале хатарот ба ваҳдат он аст, ки оё наслҳои баъдина ба қадри ҳамин ваҳдат мерасанд ё на? Ин масъалаи муҳим аст, чунки минбаъд ояндаи кишвар аз насле, ки дар он солҳо хурдсол буданд ва имрӯз қишри асосии аҳолии ҷумҳуриро ташкил мекунанд ва минбаъд оромиву суботу истиқлол маҳз аз ҳамин мардум вобаста мебошад. Яъне насле, ки он замон хурдсол будан аз ин чизҳо огоҳ бошанду ба қадраш расанд, ба ҳамон андоза Ваҳдати миллӣ қавӣ мегардад. Вале агар аз ин чизҳо огоҳ набошанду ба қадраш нарасанд, албатта як чолиш ва таҳдид барои ояндаи Ваҳдати миллӣ шуданаш мумкин аст. Чунки ваҳдат пеш аз ҳама дар дохил, дар байни мардуми кишвар бояд бошад. Агар ин ваҳдат бошад, ягон нерӯ аз беруна ҳеҷ коре карда наметавонад. Агар дар дарун мардум бо ҳам тифоқ набошанд, он гоҳ ҳарки метавонад аз ин ноиттифоқӣ истифода барад. Аз ин рӯ, коре кард, ки ноиттифоқӣ пайдо нашавад.
 Муллоаббос Раҷабзода, раиси шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд
Воқеан, мо тоҷикон баъди низоъҳое, ки дар солҳои навадум доштем, як навъ ваҳдатро ба даст овардем, ки ин бузургтарин дастоварди миллии мо дар замони истиқлолият маҳсуб мешавад. Ҳамасола ба хотири гиромидошти ин санаи таърихӣ рӯзи 27-уми июн бароямон чун ид хотирмон буд. Ин сана оҳиста-оҳиста дар чанд соли ахир дар як доираи маҳдуд ёддоварӣ карда мешавад. Муносибати сарди солҳои охири ҳукуматдорон бо ҲНИТ, баёнгари коста шудани ин ваҳдат гаштааст. Бархурди номуносиби мақомот бо ҳизбе, ки як ҷониби сулҳ буд, сабаби беэътимодӣ ва коҳиш ёфтани боварии мардум ба созишномаи сулҳ аст. Банда айни ҳол бар он боварам, ки аз ақли солим кор бигирем ва руҷӯъ ба ин санаи тақдирсоз кунем, шояд аз ин бӯҳрони сиёсии ҷаҳонӣ раҳои ёбем.
 Иброҳим Усмонов, таҳлилгар
Ман гумон мекунам, ки он гуногунҷабҳагие, ки 18-сол пеш мавҷуд буд, ҳамон гуногунҷабҳагӣ аз миён рафт. Мардум бо ҳам хеле наздик шуданд, бисёр намояндагони мухолифи собиқ ҳастанд, ки имрӯз суханҳои нек дар бораи ҳукумат мегӯянд. Ба мисоли намояндагони тарафҳо бо ҳамдигар ҳамкорӣ мекунанд, гумон мекунам, ки боварӣ барои ҳамдигар зиёдтар шуд. Ягона хатаре, ки ба Ваҳдати миллӣ аст ин ҳамдигарро гум накардани онҳое, ки якдигарро ёфта буданд. Агар инҳо боз дар муқобили якдигар қарор гиранд, боз ҳамдигарро нашиносанду эҳтиром накунанд, албатта боз хатарҳои дигаре пайдо мешаванд, ҳаминро эҳтиёт бояд кард.
nahzat.tj

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст