Кумитаи давлатии умури динии Тоҷикистон эълом карда аст, ки сафари шаҳрвандони камтар аз 35 соли ин кишвар ба Ҳаҷ аз имсол мамнӯъ аст.

Ба гузориши сойти Top tj, Абдулҷалол Ализода-мудири бахши Ҳаҷ дар Кумитаи давлатии умури динии Тоҷикистон гуфт, ҳадаф аз ин тасмим фароҳам кардани имкони зиёрати хонаи Худо  барои афроди миёнсоле аст, ки аз солҳо пеш барои сафар ба Ҳаҷ сабти ном кардаанд.
Вай афзуд: Ин иқдом ҳеч рабте ба мавзӯи гароиши ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва террористӣ надорад ва танҳо бо ҳадафи танзими раванди эъзоми довталабони сафари Ҳаҷ бар асоси авлавияти синнии онон сурат мегирад.
Ба гуфтаи вай, дар солҳои ахир дар ин кишвар ҳазорон нафар барои сафар ба Ҳаҷ сабти ном кардаанд, ба наҳве, ки ҳамакнун дар бархе аз манотиқ довталабони сафари Ҳаҷ бояд 5 сол сабр кунанд то навбаташ фаро расад.
Бо ин ҳол коршиносон ин тасмимро табаъият аз қавонини бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, назири Узбакистон ва Туркманистон унвон мекунанд, ки барои атбоъи хеш дар сафари Ҳаҷ маҳдудияти синнӣ эъмол кардаанд.
tajik.irib.ir

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст