Каъба қиблаи мусалмонон аст, ки дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ ҷойгир мебошад. Яке аз шартҳои сиҳати намоз истиқболи қибла аст. Ва рӯ ба ҷониби қибла истодан амри Аллоҳ (ҷ) ва дастуроти расул (с) мебошад. Дар ин маворид Худованд дар каломи хеш мефармояд. “…Фаввали ваҷҳака шатрал масҷидил- ҳароми, ва ҳайсу мо кунтум фаваллу вуҷуҳакум шатраҳу” (Бақара 144) Эй паёмбар (с) дар ҳоли намоз гузоридан рӯятро ба тарафи масҷидул-ҳаром (Каъба) бигардон ва Шумо мусалмонон ҳам дар ҳар ҷое, ки бошед рӯятонро ба тарафи қибла бигардонед.
Инчунин Паёмбар (с) мефармояд: “Аллоҳ (ҷ) намози ҳеҷ касро бидуни таҳорат ва истиқболи қибла қабул нахоҳад кард”. Мутаассифона, дар ҷомеъаи мо ашхосе мебошанд, ки ин амри Худо (ҷ) ва расулашро нодида мегиранд. Дар ҳоле, ки мусалмони воқеъӣ касест, ки чун амр ё ҳукме аз ҷониби Худо биояд, мегӯяд имон овардам ва қабул кардам.
Мулло Ҳайдар Шарифзода, сархатиби минтақаи Кӯлоб дар як аз мусоҳибаи худ санаи 2-юми марти соли 2015 ба “Радиои Озодӣ” гуфтаанд: “6 масҷиди минтақаи Кӯлоб ба тарафи Ватикан намоз мегузоранд. Ҳол он, ки тибқи мазҳаби Абуҳанифа (р) 45 градус тарафи рост ва 45 градус тарафи чап яъне 90 градуси самти ғарби Қибла мебошад. Ва тайи ду сол мебошад, ки имомхатибони ин масҷидҳо бо истифода аз телефонҳои мобили самти қибларо таъғир доданд. Дар сурате, ки ин қибланамоҳо дуруст нишон намедиҳанд. Зеро сохти яҳуданд”.
Аввалан ин иддао, ки 6 масҷид ба тарафи Ватикан намоз мегузоранд дуруст нест, зеро аз саҳлангорӣ ё иштибоҳ буд, ки меҳробҳои ин масҷидҳо нодуруст бино шуданд, яъне тарафи офтобнишини тобистона қарор доштанд. Ба харита назар кунем мебинем, ки Ватикан қариб дар самти шимоли мо қарор дорад ва инҳо меҳробҳои худро моил ба самти ҷануб сохтанд на шимол. Аз ин бармеояд, ки тарафи Ватикан масҷиди худи Шумост домуллои азиз.
Сониян ягон уламои аҳноф чунин фатво содир накардаанд. Агар бошад бифармоед. “…Ҳоту бурҳонакум ин кунтум содиқин”. (Бақара 111) Биёред, далели худро агар ростгӯй ҳастед.
Пазируфтем, ки чунин фатво бошад, ки нест ! Аз диёри мо самти ҷануб ба Ҳиҷоз (Арабистони Саудӣ) моил аст чаро он тараф ҷоиз намешудаст. Самти шимол, ки ба сӯи Италия (Ватикан) аст, он тараф намоз хондан ҷоиз мешудаст? Оё ин тазод нест дар фармоишоти Шумо? Ё ин масали
Садқа шавам Худоро як бому ду ҳаворо,
Ин сӯи бом сармораву он сӯи бом гарморо
намемонад?
Соҳиби “Фатҳул-қадир”, ки яке аз уламои ҳанафимазҳаб мебошад, дар китоби худ чунин меоварад. Ҳамаи уламои Мовароуннаҳр қиблаи чанд шаҳри бузургро бо таври дақиқ мавзеъи ғурӯби офтоб дар охири моҳи мизон (октябр) ва аввали ақраб (ноябр) муайян намудаанд. Ногуфта намонад, ки дар он вақт далоили қиблаёбӣ илми нуҷум ва васоили расадия ва ҳандаса буд. Эй кош, домуллои азиз ба меҳробҳои қадимаи диёрамон хосатан масҷиди дар мақрабаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ буда, назар мекардед, ки бо кадом самтанд. Боз мефармоянд , ки қибланамоҳои имрӯза дақиқ нестанд. Зеро моли яҳуданд. Аз эшон мепурсем, ки оё телефони дастӣ ва мошини зери поятон истеҳсоли кӣ ва куҷост? Модарам Худо раҳматаш кунад мегуфт: “Вақте, ки ҷавон будам дар кӯҳистон зиндагӣ мекардем, аввоили инқилоби русҳо буд. Баъзе ашхоси соддае буданд, ки ба мо мегуфтанд …памадро нахрен, ки инро русҳо оварданд”. Наход. мусалмон то чунин андоза содда бошад. Дар ҳоле, ки чунин нест. Қибланамо сохти мост, бештарини донишмандони илми ҳандаса, нуҷум ва риёзӣ аз қабили Умари Хайём, Абурайҳон Берунӣ, Ҷобир ибни Ҳайён, ал-Хоразмӣ… мусалмон буданд.
Дар даврони хилофати Ҳоруннарашид, ки яке аз халифаҳои Аббосист мусалмонон соати зангдорро ихтироъ карда, Ҳорун, яке аз он соатҳоро ба яке аз подшоҳони Фарангистон (Европа) фиристод. Мардуми онҷо ҳанӯз соати зангнокро надида буданд, бинобар он соати мазкурро асари сеҳру ҷоду донистанд. Дар ин маврид Алома Иқбол хело хуб мефармояд:
Қолин аз абрешими ту бофтанд,
Боз ӯро пеши ту партофтанд.
Мо дар асре зиндагӣ мекунем, ки илм ба авҷи болои худ расидааст. Агар як шахси хориҷӣ меҳмони диёри мо шуд, оё аз ин меҳробҳои нодуруст эрод намегирад? Имрӯз инкор намудан аз қибланамо инкор намудани офтоб дар миёни рӯз аст. Ҳамаи васоили пешрафтаи низомӣ ва ғайринизомӣ аз қабили ракетаҳои идорашаванда ва тайёраҳои бидуни сарнишин, ки бо як тугма идора мешаванд ва ин телефонҳое, ки одамон аз ин гӯшаи дунё бо он гӯшаи дунё якдигаро бо чашми сар дида, суҳбат мекунанд, аз тариқи хобу хаёл ба миён омаданд?
Пас ҳамаи олам ба як натиҷа мерасанд, ки ақибмондани миллати мусалмон ношӣ аз беаҳмиятӣ ва беандешагии худамон аст. Ҳақ ба ҷониби Сайид Ҷамолиддини Афғонист, ки мефармояд :
Ҷамъияти куфр аз парешонии мост,
Тараққии насро зи ақибмонии мост.
Ислом ба зоти худ надорад айбе
Ҳар айб, ки ҳаст аз мусалмонии мост.
Ҳамин ноогоҳии мо буд, ки миллатро бо ҷанги шаҳрвандӣ бурда расонидем. Ва мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем , ки ин ба хатоӣ дигар роҳ надиҳем. Зеро Паёмбар (с) мефармояд. “Мусалмон аз як сӯрох ду бор газида намешавад”.
Пешниҳоди банда ба Шумо домуллои мӯҳтарам он аст , ки ба ҷои китмони ҳақ (пӯшидан ва нагуфтани ҳақиқат) дар пайи сохтмони масҷиди худ бошед, ки то 20-25 соли дигар тӯл накашад.
Тоҷикистон ҳамчун давлатҳои дигар институтҳои ҷиҳатшиносӣ дошта, муҳасилини такмилёфтаро дар ин арса тақдими хидмати ҷомеъаи худ намуд, ки наметавон ба ҳеч сурат воқеияти ин илм ва таҳсилкардагони онро инкор кард.
Мо бояд мусалмон чӣ ба номи уламо чӣ ба ғайри уламо масоили нодонистаи худро ба ҳукми Худованд “…Фасъалу аҳлаз-зикри инкунтум ло таъламун” (Наҳл 43), хар илмро аз аҳлаш бипурсем, Ҳукм ва фатвоеро содир нанамоем, кӣ фардо мавриди хиҷолати мардум ва Худованд қарор бигирем.
Инак, барои ҳарчи бештар таъйиди ин мавзӯъ баъди гирифтани мактуби расмӣ аз Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2004-ум таҳти №43 асноди гирифташуда аз “МААТ”- Маркази Аэрогеодезии Агентии Тоҷиккоинот аз санаи 05.07.2004 таҳти №1-29-ро дар зери ин мақола меоварам. Ва аз ҳамаи уламо ва донишмандон хоҳиш мекунам, ки андешаҳои худро иброз созанд.
Дар кишвари мо қибланамо мавҷ мезанад,
Ғафлат бубин, ки пушт ба меҳроб кардаем. (Соиб- асри XVII)
Қазоват бо Шумост !
Абу Умари Абдураҳимзода, шаҳри Кӯлоб
tojnews.org

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст