Нишасти илмӣ бо мавзӯи "андешаҳои Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ" бо ҳузури донишҷуёни тоҷики Ҷомиат-ул-Мустафо(с) дар ҷумҳуриӣ исломии Ирон баргузор шуд.

Мир сайид Алӣ ҳамадонӣ яке аз шаxсиятҳои номдор ва таъсир гузори ҷаҳони Ислом дар авоили қарни 14-уми милоди дар шаҳри Ҳамадони Ирон ба дунё омад ва дар кишвари Тоҷикистон аз дунё гузашт, ки марқади поки эшон дар шаҳри Кулоби ин кишвар қарор дорад.

Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ ба сабаби xадамоти густардаи фаровони илмию маърифатӣ, ҳамвора назди мардум аз ҷойгоҳи баланде барxурдор буда аст.

Бинобарин донишҷуёни тоҷики Ҷомиат-ул-Мустафо(с) дар ҷумҳурии исломии Ирон, донишгоҳи имом Хумайнӣ нишасти илмӣ таҳти унвони "андешаҳои Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ" баргузор нумуданд, ки дар ин нишаст зиёда аз ҳафтод нафар ширкат кунанда ҳузур дошт, ки се нафар аз ин донишҷуён ба унвон коршинос дар мавзуъоти таҳти унвони:

1- Андешаҳои адабии Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ.

2- Андешаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ.

3- Андешаҳои ахлоқии Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ.

ба суҳбат пардоxтанд, ки ин нишаст ҳудудан ду соат идома ёфт ва дар оxир, коршиносон ба саволҳои ҳозирин посуx гуфтанд.

ТОҶИКОН

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст