Умаралӣ Қувватов раҳбари созмони мухолифи “Гуруҳи 24”-  террор шуд. шахси номаълум дар кӯчаи Фотеҳии Истанбули Туркия аз пушт ба сари Қувватов тир шиллик мекунад.

Ба гузориши хабаргузори Озодагон:
Таҳлилгарони тоҷик куштори Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мухолифи “Гуруҳи 24”-ро ба куштори раҳбари мухолифини ҳукумати Русия -- Борис Немтсов монанд карда, зарур медонанд, ҳукумати Тоҷикистон низ монанди роҳбарияти Русия мавқеашро нисбати куштори раҳбари мухолифинаш рӯшан кунад.

Раҷаби Мирзо, шореҳи масоили сиёсии Тоҷикистон куштори Умаралӣ Қувватовро бисёр ҳодисаи нангин ва даҳшатзо хонда, таъкид мекунад, “ба назари ман ин террорро мешавад бо қатли Борис Немтсов дар назди Кремл монанд донист. Немтсов як руз пеш аз гирдиҳамоии эълоншуда ва Қувватов пас аз эълони натиҷаҳои бо ном интихобот кушта шуданд. То ҳол дар куштори аввалӣ гуруҳу шахсиятҳои манфиатдорро меҷӯянд ва фарзияҳои гуногун ҳадс зада мешавад. Акнун ин тахминзанихо дар Тоҷикистон пеш меоянд: Террори Қувватов ба манфиати кист?”

Раҷаби Мирзо дар идома афзуд, “мо фаромуш намекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон ду бор барои истирдоди Қувватов муваффақ нашуд. Инро ҳам аз ёд намебарорем, ки Душанбеи расмӣ Муҳамадрузӣ Искандарову Низом Ҷураевро бо кадом роҳҳо аз Русия оварду ба зиндон андохт. Вале он замон ҳарф аз Русия буду гуфта мешуд ҳар дуи ин ҳолат бо кумаки хадамоти русиягӣ сурат гирифтааст. Ҳоло бошад, сухан дар бораи куштор ва он ҳам дар як кишвари демократӣ меравад. Агар ҳукумати Тоҷикистон чунин "дасти дароз" дорад, пас воқеан ҷои тарс аст. Агар фармоишгарон онҳоеанд, ки ба эҳсосоти мардум пас аз бо ном интихобот бозӣ мекунанд, ҷои андешаи тӯлонист...”

Ба қавли ин соҳибназари тоҷик, пас аз куштори Немтсов, Путин ба модари ӯ барқия фиристода марҳумро ситоиш кард ва баъдан ба мақомот супориш дод, Русияро "аз ин шармандагӣ раҳо кунед!" Зимнан, Раҷаби Мирзо низ вокуниши мақомоти Тоҷикистонро ба куштори Умаралӣ Қувватов бисёр муҳим хонд: “Агар ҳукумат мавқеашро маълум намекунад, худро ба гунаи ҳукумате муаррифӣ мекунад, ки дигар тоқати озодандешиву мухолифинро надорад ва болотар аз ин аз ҳама, ҳатто аз нерӯ ва шахсиятҳои камнуфуз ҳам метарсад. Бе ин ҳам, Туркия кишваре нест, ки худро аз ин шармандагӣ, ки дар кучаҳояш роҳат метавон одам кушт, вонараҳонаду қотилонро пайдо накунад...”

Бино ба иттилои haberler.com, шахси номаълум дар кӯчаи Фотеҳии Истанбул аз пушт ба сари Қувватов тир шиллик мекунад. Ба навиштаи ин расона, ҳодиса замоне ба вуқӯъ пайваста, ки Қувватов шахсеро бо номи Сулаймон гусел мекардааст. Манбаъ мегӯяд, баъди сӯиқасд ин нафар ғайб задаст. Расонаҳои Туркия замони кушта шудани раҳбари “Гуруҳи 24”-ро соати 22:30 ба вақти Туркия гуфтаанд. Гуфта мешавад, ҳоло ҷасади Қувватов дар сардхонаи ташхиси додгоҳӣ аст.

Ин расона навореро ҳам нашр кардааст, ки дар он ҳамсари Умаралӣ Қувватов дида мешавад. Ӯро ҳамроҳ бо як писари хурдсол вориди як мошини ёрии таъҷилӣ мекунанд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст