Сафири Тоҷикистон дар Қоҳира бо шайхи Алазҳар ҳамкори ин марказ бо муассисоти дини ва фарҳангиро барраси кард.

Ба гузориши хабаргузории Қуръони Икно ва ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии Садол балад, Аҳмад Тайиб, шайхи Алазҳар ва сафири Тоҷикистон дар Қоҳира дар дидор бо якдигар роҳҳои ҳимоят аз робитаҳои дуҷониба байни Миср ва Тоҷикистонро барраси карданд.

Дар ин дидор роҳҳои ҳамкори байни Алазҳар ва муассисоти фарҳанги, дини ва илмии Тоҷикистон низ барраси шуд ва Аҳмад Тайиб бар ҳимояти илми, фарҳанги ва дини Алазҳар аз донишҷуёни таъкид кард.

Сафири кишварамон низ изҳор кард: Давлати ин кишвар бар тақвияти робитаҳо бо Алазҳар ва истифода аз сиёсати ин марказ ки мубтани бар эътидол ва аз байн бурдани хушунат ва тундрави аст, таъкид дорад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст