Рӯзи Рӯдакӣ " падари шеъри форсӣ" гиромӣ дошта шуд.

Ба ин муносибат дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, конфронси байналмилалӣ бо унвони "Рӯдакӣ ва суннатгароӣ дар адабиёти форсӣ" баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш, ки бо ибтикори Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Китобхонаи миллӣ баргузор шуд, донишмандон ва шоирон аз Тоҷикистон, Эрон, Ҳинд ва Покистон дар бораи мавзуоте ҳамчун "Рӯдакӣ ва ҳувияти миллӣ"  ва "Маснавӣ дар шеъри Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ" суханронӣ карданд.

Дар поёни ин ҳамоиш ройзани фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе аз талошиҳои Қодири Рустам барои тасҳеҳи китоби ашъори Рӯдакӣ таҷлил ва ҷавоизеро ба вай эҳдо кард

22 сентябр дар Тоҷикистон рӯзи бузургдошти Рӯдакӣ аст.

Садои Хуросон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст