Раиси минтақаи озоди Суғд гуфт: Як корхонаи фароварии писта бо сармоягузории муштараки тоҷирони эронӣ ва минтақаи озоди Суғд ин кишвар, дар шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ мешавад.

Фирдавс Алимов рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигори ИРНА афзуд: Бар асоси тавофуқе, ки бо тоҷирони эронӣ шудааст, дар назар дорем бо истифода аз таҷриба ва тавонмандии кишвари бародари худ беҳтарин корхонаи писта бо фанноварии рӯзро дар сатҳи минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар Тоҷикистон роҳандозӣ кунем.

Вай бо баёни ин ки пистаи эронӣ дар муқоиса бо пистаҳои тавлидшуда дар дигар кишварҳо бисёр ғанӣ ва босифат аст, тасреҳ кард: Эҳдоси корхонаи фароварии муштараки писта бо Эрон метавонад илова бар таъмини бахше аз ниёзи мардуми Тоҷикистон, имкони содироти ин маҳсул ба Русия ва дигар кишварҳоро фароҳам кунад.

Обу ҳавои муносиби шимоли Тоҷикистон, додани замин дар қолаби иҷораи баландмуддат ва арзон ва таҷрибаи ҷумҳурии исломии Эрон дар кошт ва тавлиди пистафурсати муносиберо барои сармоягузории бахши хусусии Эрон дар ин заминаро фароҳам карда аст.

Садои Хуросон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст