Вазорати дохилаи Тоҷикистон эълом карда аст, ки дар таърихи 19 июни соли ҷорӣ конфронси илмии муқобила бо терроризм ва ифротгароиро дар Душанбе баргузор хоҳад кард.

Ба гузориши сайти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин ҳамоиш таҳти унвони "Муқобила бо таҳдиди амниятӣ дар Осиёи Марказӣ, дастоварди Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва фасод ва ришвахорӣ" бо ҳузури коршиносон ва таҳлилгарон баргузор хоҳад шуд.

Мансур Бухориев - мушовири аршади Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ин ҷумҳурӣ дар авохири қарни 20 ва аввали қарни 21 ҳаммонанди соири кишварҳо бо терроризм ва ифротгароӣ мувоҷеҳ шуд ва тасвиби қонуни нав барои муқобила бо ин падидаҳо заминаи муборизаи ҷиддӣ бо иллатҳо ва авомили ин навъи таҳдидотро фароҳам сохт.

Вай муътақид аст, ки баъзе аз созмонҳои ифротӣ бо истифода аз гароиши исломии мардум ва ба вижа насли ҷавон талош мекунанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро алайҳи давлати ин кишвар таҳрик кунанд. Аз ин рӯ сохторҳои қудратии Тоҷикистон барои муқобила бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи инсон ва фасод ва ришвахорӣ аз тамоми имконоти худ истифода хоҳанд кард.

Садои Хуросон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст